Владимиров, Михаил Николаевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Владимиров, Михаил Николаевич
Зодрӯз

14 август 1917(1917-08-14)

Зодгоҳ
Санаи марг

12 сентябр 1997(1997-09-12) (80 сол)

Маҳали вафот
Набард/ҷангҳо

Владимиров Михаил Николаевич (тав. 14 августи 1917, Тула12 сентябри 1997, Маскав) — Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1945).

Зиндагинома[вироиш]

Баъди хатми Донишкадаи хоҷагии халқи Маскав дар вазифаи сардори бахши сохтмони асосӣ ва хоҷагии коммуналии Раёсати омори Кӯлоб, баъдтар дар ҳамин вазифа дар ш. Сталинобод кор кард. 19 сентябри 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват шуд. Баъди хатми Омӯзишгоҳи танкии Харков дар ш. Самарқанд фармондеҳи взводи курсантҳои ҳамин омӯзишгоҳ буд. Майи 1944 ба ҷабҳа рафта, фармондеҳи тӯпҳои худгарди полки Навобутск зидди фашистон буд. Июли 1944 дар наздикии деҳаи Гришка-Будаи Литва ҷанги шадиде шуд. Дар ин амалиёт Михаил Владимиров бо тӯп 4 танки душманро нест кард. Экипаже, ки ба он В. фармондеҳ буд, аз қисмҳои Ҷабҳаи 3-юми Белоруссия аввалин шуда 16 августи 1944 ба хоки Пруссияи Шарқӣ даромад ва Байрақи давлатии ИҶШС-ро барафрохт. Михаил Владимиров октябри 1945 аз хидмати ҳарбӣ баргашт, сардори трести саноати вино ва хоҷагии боғу токпарварии Вазорати саноати хӯроквории Тоҷикистон, аз соли 1949 директори заводи винои ш. Маскав буд.

Ҷоизаву орденҳо[вироиш]

Бо орденҳои Ленин, Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2), Ситораи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Сечкина Л. П. Фарзандони шарафманди Тоҷикистон. Д., 1968,
  • Герои Советского Союза. Краткий биографический словарь. Т. 1. М., 1987.

Сарчашма[вироиш]