Владимир Афанасев
Владимир Афанасев | |
|---|---|
| Афанасев Владимир Алексеевич | |
| Таърихи таваллуд | 1913 |
| Зодгоҳ: | Санкт-Петербург |
| Таърихи даргузашт | 1998 |
| Маҳалли даргузашт | Санкт-Петербург |
| Мамлакат: | |
Афанасев Владимир Алексеевич (5 июли 1913, Санкт-Петербург — 1998) — меъмор-рассом, Ходими хидматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон (1964).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти рассомӣ, ҳайкалтарошӣ ва меъмории ба номи И. Е. Репини Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург). Соли 1955 ба Душанбе омада, то соли 1966 кор кард. Соли 1965 узви садорати ИМ Тоҷикистон интихоб шуд. Ҳамчун лоиҳакаш ва сардори корхонаи меъмории № 1 Институти давлатии лоиҳакашии «Тоҷикгипрострой» дар шаҳрҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Душанбе бисёр лоиҳаҳои аҷибу навоварона таҳия намуд. Аз он ҷумла: аэровокзал, бинои истиқоматии 61-ҳуҷрадор дар хамгашти кӯчаи И. Сомонӣ ва Рӯдакӣ, меҳмонхонаи берунишаҳрӣ (корпуси меҳмонхона дар қароргоҳи Ҳукумати ҶТ), бинои истиқоматии 73-ҳуҷрадор бо мағозаи фурӯши ҷавоҳирот дар ошёнаи якум дар кӯчаи Рӯдакӣ ва ғайра.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.88 / Р. Муқимов.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Афанасев Владимир Алексеевич // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Саҳифаҳои дорои аргументи такрорӣ дар фарохонии шаблон
- Зодагони соли 1913
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони шаҳри Санкт-Петербург
- Даргузаштагони шаҳри Санкт-Петербург
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи рассомон дар Викианбор
- Рассомон аз рӯи алифбо
- Зодагони 5 июл
- Зодагони Санкт-Петербург
- Даргузаштагони соли 1998
- Рассомони Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон