Владимир Захаров
Владимир Захаров | |
|---|---|
| русӣ: Владимир Евгеньевич Захаров | |
| | |
| Таърихи таваллуд | 1 август 1939 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 20 август 2023 (84 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | физики назарӣ[d] |
| Ҷойҳои кор | |
| Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва метематика[d] |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | Roald Sagdeev[d] |
| Шогирдон | Yevgeny Kuznetsov[d], Sergey Manakov[d] ва Lev Shchur[d] |
| Ҷоизаҳо | |
Захаров Владимир Евгеневич (русӣ: Владимир Евгеньевич Захаров; 1 август 1939, Қазон — 20 август 2023, Маскав) — физикдони рус, академики АИ Федератсияи Русия (1991).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи Институти энергетикии Маскав (1960) ва Университети давлатии Новосибирск (1963). Солҳои 1966–72 дар Институти физикаи ҳастаи шуъбаи сибирии АИ ИҶШС (Новосибирск), аз 1973 дар Институти физикаи назариявии ба номи Л. Д. Ландау АИ Федератсияи Русия (солҳои 1992–2004 директор), аз соли 2005 дар Институти физикаи ба номи П. Н. Лебедеви АИ Федератсияи Русия, инчунин аз соли 2004 дар Институти таҳқиқоти бунёдӣ дар Принстон (ИМА) кор кардааст.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Корҳои асосии Захаров ба соҳаи физикаи плазма, паҳншавии мавҷҳо дар муҳитҳои ғайрихаттӣ, муодилаҳои ғайрихаттии физикаи математикӣ ва усули масъалаи баръакс бахшида шудаанд. Захаров усули тавсифи равандҳои ғайрихаттиро дар плазма таҳия намуда, ҳодисаи сакта (коллапс)-и мавҷҳои легмюриро кашф кард (1972), назарияи ғайрихаттии хомӯшшавии Ландауро таҳия, намудҳои гуногуни солитонҳо ва устувории онҳоро таҳқиқ намуд. Вай инчунин тайфҳои колмогоровии турбулентияти мавҷии заифро дар муҳитҳои ғайрихаттӣ ва дар плазмаҳо кашф кард (1967–68). Захаров параметрҳои ангезиши асоси мавҷҳо (аз ҷумла мавҷҳои сатҳи моеъ), ҳодисаи худконунгирии мавҷҳоро дар муҳити ғайрихаттӣ таҳқиқ кард. Ӯ усули нави амалҳои интегронии муодилаҳои физикаи математикиро таҳия намуда, бо ёрии онҳо ҳалли дақиқи муодилаҳои назарияи умумии нисбият ва муодилаҳои Янг-Миллсро дарёфт.
Мукофотҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Мукофоти давлатии ИҶШС (1987);
- Мукофоти давлатии Федератсияи Русия (1993);
- Медали П. Дирак (2003).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Захаров Владимир Евгеневич // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Зодагони 1 август
- Зодагони соли 1939
- Зодагони Иттиҳоди Шӯравӣ
- Даргузаштагони 20 август
- Даргузаштагони соли 2023
- Даргузаштагони Маскав
- Википедия:Статьи со ссылками на элементы Викиданных без русской подписи
- Дорандагони ордени «Барои хидмат ба Ватан» дараҷаи 4
- Дорандагони ордени «Нишони Фахрӣ»
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ИҶШС
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Олимон аз рӯи алифбо
- Физикдонон аз рӯи алифбо