Владимир Иванов
Владимир Иванов | |
|---|---|
| Таърихи таваллуд | 3 октябр 1886 |
| Зодгоҳ | |
| Таърихи даргузашт | 1 июн 1970 (83 сол) |
| Маҳалли даргузашт | |
| Кишвар | |
| Фазои илмӣ | эроншиносӣ ва исмоилиён |
| Ҷойҳои кор | |
| Алма-матер | |
| Роҳбари илмӣ | Бартолд |
Иванов Владимир Алексеевич (03.10.1886, Санкт-Петербург — 01.06.1970, Теҳрон) — шарқшиноси рус, муҳаққиқи таъриху фалсафаи мазҳаби исмоилия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Хатмкардаи гимназияи Сарское Село (соли 1907), факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи Санкт-Петербург (1911) ва магистратураи забоншиносии форсӣ (1916). Соли 1910 роҳбарияти факулта ӯро ба сафари хидматӣ ба Эрон фиристод. Аз соли 1911 дар Бонки истиқрозии Форс (шуъбаи Бонки давлатии Петербург) ҳамчун ёвари сардори оҷонсии Бирҷанд ва корманди шуъбаи бонк дар Кирмоншоҳ (1913—1914) фаъолият кард. Ҳамзамон ба омӯзиши лаҳҷаҳои хуросонӣ, сабзворӣ, бирҷандӣ, дарвешӣ, форсии омиёна, меҳрҷонӣ ва зардуштӣ машғул буд. Пас аз бозгашт ба Русия (1915) ҳамчун корманди осорхонаи Осиё (дар назди АИ Русия) барои ҷамъоварии осори хаттӣ ба Бухоро сафар кард: дар ин сафар зиёда аз 1100 китоб ҷамъ оварда, ба Санкт-Петербург фиристод. Сипас чанд муддат феҳристи осори хаттии исмоилии аз Бадахшон ҷамъовардаи И. И. Зарубинро тартиб дода, чанд номгӯи онҳоро нашр кард. Владимир Иванов баъдан барои гирдоварии осори хаттӣ ба Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон сафар карда, «Анҷумани таҳқиқоти исломӣ» (1933) ва «Анҷумани исмоилӣ»-ро (1946) бунёд гузошт, ки дар натиҷа 8 китоби таҳқиқотӣ ба табъ расида, беш аз 600 осори хатии форсӣ ва арабӣ ҷамъоварӣ шуд. Дар Калкутта феҳристи китобҳои форсии «Анҷумани осиёии Бангола»-ро дар 4 ҷилд фароҳам овард. Соли 1922 нахустин асари худро дар бораи фирқаи Исмоилия ба унвони «Исмаилизм» ва баъдан феҳристи матнҳои исмоилияро бо номи «Роҳнамои адабиёти исмоилӣ» гирдоварӣ ва чоп кард (Лондон, 1933). Дар натиҷаи таҳқиқи харобаҳои қалъаи Аламут китоби «Аламут ва Ламасар»-ро ба чоп расонд (1960). Соли 1959 ба Эрон кӯч баст ва то охири умр дар он ҷо иқомат дошт. Қисми зиёди осори таҳқиқии И. ба шохаи низорияи фирқаи исмоилӣ бахшида шудааст; аз ӯ зиёда аз 145 асар ба забонҳои арабӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ ба мерос мондаанд. Намунаи осори И. дар бораи исмоилия: «Аламут» (1431), "Ёддоштҳо дар бораи «Умму-л-китоб», "Тафсири исмоилии «Гулшани роз» (1932), «Хулосаи девони Хокии Хуросонӣ» (1933), «Шуъбаи фаромӯшшудаи исмоилӣ» (1938), «Созмони таблиғоти фотимӣ» (1939), «Исмоилиҳо ва қарматиҳо» (1940), «Ривояти исмоилиҳо дар бораи уруҷи фотимиҳо» (1942), «Носири Хусрав ва наҳзати исмоилӣ» (1948), «Пандиёти ҷавонмардӣ» (1953), «Ирфон ва наҳзати исмоилӣ» (1959).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иванов Владимир Алексеевич / Б. Раҳматов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.