Владислав Стетсенко
Таърихи таваллуд | 1935 |
---|---|
Зодгоҳ | ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 2007 |
Маҳалли даргузашт | Ставропол Русия |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | риёзиёт |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин. Донишгоҳи давлатии Ставропол (1990-2006) |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои физика ва математика |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Ҷоизаҳо | Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (1997). Муҳандиси шоистаи Федератсияи Россия (2001) |
Владислав Яковлевич Стетсенко(русӣ: Владислав Яковлевич Стеценко; 25 апрел 1935 — 4 январ 2006) — риёзидон, доктори илмҳои физикаву математика (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1991). Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997), Аълочии маорифи халқи ИҶШС, Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон.[1]
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Владислав Яковлевич Стетсенко Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленинро хатм кардааст (1958). доктори илмҳои физикаву математика (1971). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1985, ихтисос — «математика»). Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таҳлили функсионалӣ, муодилаҳои интегралӣ, иқтисодиёти математикӣ, математикаи ҳисобӣ ва амалӣ. Ассистент, муаллим, мудири кафедраи таҳлили функсионалии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (1958—1965), дотсенти Институти муҳандисиву сохтмони Воронеж (1965—1966), ходими калони илмии Институти автоматика ва телемеханикаи АИ ИҶШС (1966—1968), дотсенти Донишгоҳи давлатии Воронеж (1966—1968), мудири кафедраи математикаи олии Институти технологии Воронеж (1968—1970). Мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалӣ (1970—1984), ноиби ректор оид ба корҳои таълим (1984—1987), мудири кафедраи таҳлили функсионалӣ ва муодилаҳои дифференсиалии (1987—1990) Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин. Мудири кафедра ва профессор-мушовири кафедраи таҳлили математикии Донишгоҳи давлатии Ставропол (1990—2006).
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени Байрақи Сурхи Меҳнат,
- медали «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин»,
- «Ветерани меҳнат» сарфароз гардидааст.
- Аълочии маорифи халқи ИҶШС.
- Аълочии маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон.
- Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино (1997).
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. — Душанбе: Дониш, 2011. — 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |
- Зодагони соли 1935
- Даргузаштагони соли 2007
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Даргузаштагони шаҳри Ставропол
- Докторони улуми физика ва математика
- Олимон аз рӯи алифбо
- Зодагони 25 апрел
- Даргузаштагони 4 январ
- Даргузаштагони соли 2006
- Риёзидонон аз рӯи алифбо
- Мақолаҳои хурд дар бораи одамон
- Олимони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи ИҶШС
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон
- Барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино