Власов, Анатолий Александрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Власов, Анатолий Александрович
Санаи таваллуд:

7 (20) август 1908

Зодгоҳ:
Санаи марг:

22 декабр 1975(1975-12-22) (67 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

доктори илмҳои физика ва метематика[d]

Алма-матер:
Роҳбари илмӣ:

Igor Tamm[d]

Шогирдони маъруф:

Anatoly Logunov[d]

Ҷоизаҳо:
ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ордени «Нишони Фахрӣ»
Мукофоти ленинӣ Mikhail Lomonosov Award

Анато́лий Алекса́ндрович Вла́сов (7 (20) август 1908, Балашов, ҳозира вилояти Саратов — 22 декабри 1975, Маскав) — физикдони назарии шӯравӣ ва Русия, , доктори илмҳои физика ва математика.

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Университети давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1931), проф. (аз соли 1944), мудири кафедраи физикаи назариявии Университети мазкур (1945-53). Анатолий Власов, асосан, дар бораи физикаи плазмаҳо, назарияи ҳолати кристаллӣ, назарияи ҷозиба ва физикаи оморӣ таҳқиқот анҷом додааст. Анатолий Власов назарияи васеъгардонии хатҳои тайфиро дар асоси ҳисобгирии таъсири мутақобилаи молекулавӣ инкишоф додааст. Дар асари илмии Анатолий Власов «Оид ба хосиятҳои ларзишии гази электронӣ», ки дар он бори аввал хосиятҳои физикии зарраҳои барқаноки плазма амиқ таҳлил гардиданд, ба тавсифи плазма қобили истифода набудани муодилаи газию кинетикии Болсман нишон дода шуд ва муодилаи нави кинетикии плазма (муодилаи Власов) пешниҳод гардид, ки таъсири умумии мутақобилаи зарраҳои плазмаро тавассути майдони кулонӣ тавсиф медиҳад. Ин таҳқиқот дар физикаи кинетикӣ ҳангоми таҳқиқи системаҳои бисёрбасомад васеъ истифода мегардад.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1970), Мукофоти ба номи М. В. Ломоносов (1944). Бо ордену медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

  1. 1.0 1.1 Власов Анатолий Александрович // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Сарчашма[вироиш]