Водии Айман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Водии Айман (форсӣ: وادی ایمن‎) — водии муқаддаси Туво, дар Қуръон дара ё гузаргоҳест дар канори рости кӯҳи Тур, дар нимҷазираи Сино, дар шимолу шарқии Миср.

Ҷоест, ки Мусо (а) нури илоҳиро ба сурати оташ дар дарахт дид ва ба нубувват расид. Дар Қуръон ин водӣ се бор − як бор бо номи «Водии Айман» (Қасас, 30), ду бор бо номи «Водии Туво» (Тоҳо 12, Нозиъот 16) ёд шудааст. Дар Таврот низ Водии Айман «Туво» хонда шудааст. Ин водӣ бинобар дар канори рости кӯҳи Тур қарор доштан айман (рост) хонда шудааст. Мувофиқи қавли дигар, ин водиро аз сабаби дар тарафи дасти рости Мусо (а) ҷойгир будан Водии Айман гуфтаанд. Мувофиқи ривоёти исломӣ, чун Мусо (а) бо аёлаш Шуайбро видоъ кард ва ҷониби ш. Басра рафт, баъд аз паймудани панҷрӯза роҳ шаби шашум ба Водии Айман расид. Дар он сарзамин абри сиёҳе дар фазо пайдо шуд ва завҷаи Мусоро дарди зоидан гирифт. Мусо (а) ба ҷустуҷӯи оташ рафт, то ки аҳлу аёлаш гарм шаванд. Чун биёмад, аз дарахте ба вай нидо шуд: «Ай Мусо, ман Худованд, парвардгори ҷаҳониёнам». Водии Айман аз ин ҷиҳат, ки маҳалли нури Ҳақ шуд ва оташ баҳри Мусо (а) дар он ҷо зоҳир гардид, дар назари орифон таъвилоти латифе ёфтааст. Намояндагони адабиёти тасаввуфӣ дар осорашон аз Водии Айман ва воқеаи ба сари Мусо (а) омада ёд кардаанд. Дар истилоҳи орифон Водии Айман ба маънои тасфияи дил аст, ба гунае, ки онро қобили таҷаллии нури илоҳӣ кунад. Шоирони классики форс-тоҷик низ воқеаи мазкурро бо таваҷҷуҳ ба заминаҳои достонии он мазмунбандӣ намуда, дар ашъори худ аз он фаровон истифода бурдаанд.:

Чун Мусиям шаҷар диҳад оташ, чӣ ҳоҷат аст,
К-оташзана ба Водии Айман дароварам.

Хоқонӣ

Шубони Водии Айман гаҳе расад ба мурод,
Ки чанд сол ба ҷон хидмати Шуайб кунад.
                                        ***
Шаби тор асту раҳи Водии Айман дар пеш,
Оташи Тур куҷо, мавъиди дидор куҷост?

Ҳофиз

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • زهرا خانلری. راهنمای ادبیات فارسی. تهران 1340 هـ. ش؛
  • یاحقی محمدجعفر. فرهنگ اساطیر واشارات داستانی درادبیات فارسی. تهران 1375هـ. ش.؛
  • دانشنا مۀ دانش گستر. جلد17. تهران 1389 هـ. ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]