Водилқуро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Водилқуро (ар. وادی القری‎) — мавзеъест дар наздикии шаҳри Мадина, ноҳияи шомили чандин дараву русто, воқеъ дар шимоли Ҳиҷоз бар сари роҳи тиҷоратии қадими миёни Арабистони Ҷанубӣ ва Шом, ки дар гузашта ободу маскун буд.

Муҳимтарин мавзеъи он ал-Уло буд, ки чоҳу чашмаҳои об ва нахлистону киштзорҳои обёришаванда дошт. Дар катибаҳои аз ал-Уло ёфтшуда ба номи «Дадон» дар Арабистони Ҷанубӣ ва китоби Аҳди қадим ишора рафтааст, ки ба қадимӣ будани ин мавзеъ далолат мекунад. Манзилгоҳҳои қавми Од ва достони Ҳуд — пайғамбар ба ин сарзамин марбут дониста мешаванд. Аз замонҳои қадим дар ин ноҳия яҳудиён зиндагӣ мекарданд, вале бо омадани ислом ночор диёри худро тарк намуданд. Соли 624 яҳудиёни қабилаи Банӣ Қайнуқоъ аз Мадина берун ронда шуданд. Онҳо чанд муддат дар Водилқуро монданд ва дар соли 5 ҳ. (627) бо яҳудиёни ноҳияҳои Таймо, Фадак ва Хайбар муттаҳид шуда, бар зидди Пайғамбар (с) бархостанд, вале дар ҷанг бо мусулмонон шикаст хӯрданд. Ғазваи Водилқуро моҳи сентябри 628 ба вуқӯъ пайваст. Саранҷом мусулмонон ҳамаи яҳудиёнро аз ин ноҳия ронда, заминҳои онҳоро байни худ тақсим карданд. Корвонҳои зоирону ҳоҷиён барои дарёфти озуқа ва тӯшаи роҳ барои худ аз Водилқуро ё наздики он мегузаштанд. Яке аз сабабҳои ободии мавзеи мазкур ҳамин амр ба шумор меравад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • الواقدي ابو عبدالله محمد بن عمر. المغازي. کلکته، ۱۸۵۶؛
  • دائرة المعارف فارسي. جلد ۲. بخش ۲. تهران، ۱۳۸۷ ش.؛
  • دانشنامۀ دانش گستر. جلد ۱۷. تهران، ۱۳۸۹ ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]