Воеводский, Михаил Ваславович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Воеводский, Михаил Ваславович
Санаи таваллуд:

29 август 1903(1903-08-29)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

23 октябр 1948(1948-10-23) (45 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

Бостоншиносӣ

Ҷойҳои кор:
Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои таърих[d]

Алма-матер:

Воеводский Михаил Ваславович (русӣ: Михаил Вацлавович Воево́дский; (1903, Смоленск — 1948, Маскав) — бостоншиноси рус, мутахассиси асри санг.

Зиндагинома[вироиш]

Михаил Воеводский дар Сомоленск таваллуд шуда, аз ибтидои асри 20 ҳамроҳи оилааш ба Осиёи Миёна муҳоҷир шуда, мактаби миёнаро дар ш. Самарқанд хатм кард. Баъди баргаштан ба Маскав (соли 1923) то охири умраш дар Осорхонаи антропологияи Донишгоҳи давлатии Маскав, ҳамзамон Академияи таърихи маданияти моддӣ (аз соли 1937 Институти таърихи маданияти моддӣ) фаъолият дошт. Дар заминаи омӯзиши ёдгориҳои бостонии Аврупои Шарқӣ мавҷудияти мезолитро ҳамчун як марҳилаи хосси асри санг (байни палеолит ва мезолит) асоснок кард. Михаил Воеводский ба экспедитсияҳои бостоншиносии осиёимиёнагӣ (1928-29), Хоразм (1935), Ок (1936), Самарқанд (1939) ва Деснин (1936-41, 1945-48) роҳбарӣ кардааст, ки дар натиҷа барои омӯзиши ёдгориҳои Оқтеппа, Анов, қӯрғонҳои ҳавзаи дарёи Чирчиқ, шаҳри асримиёнагии Замаҳшар маълумотҳои муҳим ба даст омаданд. Михаил Воеводский барои таҳқиқи қабатҳои маданӣ якчанд усули ковиши бостоншиносии саҳроиро истифода бурда, мутахассисони илмҳои дақиқро ба ҳамкорӣ даъват мекард. Омӯзиши технологияи коркарди маснуоти сафолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки таҳқиқи Михаил Воеводский буд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Чабур А. А. Михаил Вацлавович Воеводский: страницы биографии. К 100-летию со дня рождения. Очерки истории Брянской археологии, выпуск 1. Брянск, 2003;
  • Чабур А. А. Десянский палеолит. Проблемы истории исследований, историографии и источниковедения, М., 2005.

Сарчашма[вироиш]