Воейков, Александр Иванович
Таърихи таваллуд | 8 (20) май 1842 ё 1842 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 27 январ (9 феврал) 1916 ё 1916 |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | ҳавошиносӣ, Иқлимшиносӣ ва ҷуғрофиё |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илм |
Ҷоизаҳо | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Александр Иванович Вое́йков (8 (20) май 1842, Маскав — 27 январ (9 феврал)-и 1916, Петроград) — ҳавошинос, иқлимшинос ва ҷуғрофиёдони рус, асосгузори иқлимшиносӣ дар Русия. Узви вобастаи АИ Петербург (1910), узви Ҷамъияти ҷуғрофиёии императории рус (1866).
Таҳқиқот
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои 1868 ва 1870 дар Қафқози Шарқӣ (Доғистон, Боку ва Ленкоран) таҳқиқот бурдааст. Солҳои 1869-70 бо супориши ҷамъият барои омӯхтани пойгоҳҳои обуҳавосанҷӣ ба Вена, Милан, Порис, Брюссел ва Лондон сафар кардааст. Солҳои 1872-76 ба Аврупои Ғарбӣ, Амрикои Шимолӣ, Марказӣ ва Ҷанубӣ, Ҳиндустон саёҳат карда, дар Осиёи Миёна, Хитой, Шри-Ланка, Ҷопон низ таҳқиқот кардааст. Соли 1884 «Иқлими кураи Замин, аз ҷумла Русия» ном асари Александр Воейков ба забони русӣ ба табъ расид. Александр Воейков аввалин бор дар омӯзиши ҳодисаҳои ҷуғрофиёӣ усули мизон (мизони яхбандӣ, намии ҳаво ва ғайра)-ро татбиқ кард. Ба бунёди соҳаҳои нави илм: метеорологияи кишоварзӣ, иқлимшиносӣ, фенология асос гузошт. Вобаста ба низоми ҳидрологӣ дарёҳои кураи заминро тасниф кард. Узви якчанд ҷамъияти илмии Русия ва хориҷӣ буд. Соли 1949 ба муносибати 100-солагиаш ба Расадхонаи асосии геофизикавии Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) номи Александр Воейков дода шуд. Солҳои 1948-57 «Асарҳои мунтахаб»-и ӯ иборат аз чор ҷилд ба забони русӣ нашр гардид.
Дар майдони марказии шаҳраки Воейковои (ба шарафи ӯ номгузорӣ шудааст) ноҳияи Всеволжски вилояти Ленинград нимпайкараи ӯ гузошта шудааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ 1.0 1.1 Воейков Александр Иванович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона: В 86 Т. (82 т. и 4 доп.). СПб., 1890—1907;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воейков Александр Иванович / Б. Шарифов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.