Вожаи Авесто

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Вожаи Авесто

Авесто - номи куллии маҷмӯаи куҳантарин навиштори эрониён ва ќадимтарин номаи динии маздопарастон аст, ки дар рӯзгори бостон (ба навиштаи манобеъе чун «Динкард» ва ҷуз он) бисту як наск (китоб) дошта ва дар шакли кунунии худ шомили шаш бахш – «Гоҳон», «Йасна», «Йаштҳо», «Вандидод», «Виспарад» ва «Хурда-Авесто» аст. Вожаи Авесто, ки дар худи китоб наёмада, мураккаб аст аз пешванди «а» ва сифати мафъулии «веста» аз масдари «вид» ё «ваед» (дар паҳлавӣ «виндотан» ба маънии шинохтан, донистан, ёфт шудан, падидор омадан, ки бо вожаи «Веда» (вид) номи куҳантарин китоби динии ҳиндувон низ ҳамреша аст. Бар рӯи ҳам Авесторо метавон ба маънии «Огоҳинома» ё «Донишнома» донист. Доктор Алиакбар Ҷаъфарӣ дар навишторе дар бораи вожаи Авесто ба баҳс пардохта ва дар таркиби он пешванди «а»-ро пешванди нафй дониста ва дар маҷмуъ онро «сухани сарбаста, гавҳари нуҳуфта, рози ниҳонӣ, каломи осмонӣ, рамзи ботинӣ ва болотар аз фаҳми норасои ҷаҳониён» гирифтааст.

Нигаред[вироиш]

Манбаъ[вироиш]