Вожаномаи «Ҳисор»

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Вожаномаи «Ҳисор» дар бисёр манотиқи таърихиву ҷуғрофии олам вомехӯрад. Дар асрҳои пеш сарзамини Хисору Деҳнавро вилояти Ҳисорот, инчунин Ҳисори Боло ё Ҳисори Поён меномиданд. Дар шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон шаҳри қадимаи Боло Ҳисор (Балла Ҳиссар) мавҷуд буд, ки алъон осори он боқист. Ҳамчунин, дар шаҳри қадимаи Кобул осори меъмории қалъаи Боло Ҳисор мавҷуд аст.

Бино ба шаҳодати муҳаққиқон, осори давраи биринҷии нимаи дувуми ҳазораи IV пеш аз милодро дар наздикиҳои Дамғони Эрон ва ҳамшафати қаторкӯҳи Албурз бо номи маҳаллаи Ҳисор пайдо кардаанд. Дар манотиқи Осиёи Вусто ва ҷамоҳири Балкан халқиятҳои юнониву туркзабон сукунат доранд, ки дар он ҷо қалъаи Оқ-Ҳисор (қалъаи сафед ё равшан) ва дар наздикии ш.Ойдини байни давлатҳои Юнону Туркия осори шаҳраки Дамир Ҳисор (Темир Ҳисор-шаҳри оҳанини мустаҳкам)-ро дидан мумкин аст. Инчунин дар қисмати шимолии ш.Плавдови Булғористон шаҳраки қадимаи Ҳисора воқеъ аст, ки қаблан маҳаллаи сукунати фракийҳо ва императорони Рум буд. Олимон осори боқимондаи Қара Ҳисор (шаҳр, қалъаи сиёҳ)-ро дар Македония низ ба мушоҳида гирифтаанд. Дар нимҷазираи Приней дар ҳудуди Испания қалъаи Ҳисор мавҷуд буд. Дар соҳили чапи дарёи Гузараки водии Сурхон як мавзеи таърихӣ бо унвони Балдӣ Ҳисор мавҷуд аст. Бо Вожаномаи «Ҳисор» дар олам бисёр мавзеъҳои ҷуғрофӣ низ вуҷуд доранд. Масалан, дар вилояти Толиқони Ҳисор 3000 сол Афғонистон пуштакӯҳи Балда Ҳисор, дар қисмати ғарбии Исроил дарёи мавсимии Ҳисор, дар қисми шимолии Иссиқкӯли Қирғизистон теппаи Оқ-Ҳисор, дар нимҷазираи Истрияи Хорватия, дар ҷануби вилояти Красноводски Туркманистон аулҳои [[Қара- Ҳисор]] ва Қизил-Ҳисор, дар қисмати ғарбии бекигарии таърихии Ҳисор «Дарвозаи оҳанини Ҳисор» (ё худ «Ҳисори оҳанин»), дар самти ҷанубии силсилакӯҳи Карпати Руминия осори қадимаи «Дарвозаи оҳанини Ҳисор», дар байни деҳоти Даҳбед ва Оқ-Қӯрғони Самарқанд мавзеи Қизил Ҳисор, дар қисмати шимолии қаторкӯҳи Чокгар ва Бойсунтоғи Ӯзбекистон Мамнӯъгоҳи давлатии Ҳисор, дар қисми ҷанубии Тоҷикистон мавзеи Сари ХосорҲисор) мавҷуд аст. Манотиқи аҳолинишин, ки ҳамин вожаро доранд, маҳаллаи Буни Ҳисораки шаҳри Душанбе, деҳаи Ассар, Иссор ё Ҳисори Ҷ.д Занги ноҳияи Ишкошими ВМКБ, деҳаи Ҳисораки Ҷ.д Ҳоити Раштзамин, деҳаи Ҳисорободи Ҷ.д Даҳанакиики ноҳияи Хуросон, деҳаи Зериҳисори ноҳияи Панҷакент, маҳаллаи Иссориён (ё Ҳисориён)-и Кӯлоби бостон, маҳаллаи Баба Ҳисораи Озорбойҷон, аули Ҳисории вилояти Алма-Атои Қазоқистон, маҳаллаи Лимасор-Ҳисори шаҳраки Пафасти Кипр, шаҳри Ҳисор дар Осетияи Ҷанубии Қафқоз, деҳаи Сари Ҳисори вилояти Фарғона, маҳаллаи Исори ш.Қошғари Чин, деҳаи Сарои Ҳисори вилояти Файзободи Афғонистон, деҳаи Ҳисортеппаи ш.Қӯқанд, деҳаи Дӯнг Ҳисори вил.Тошканд, маҳаллаи Ҳисориёни ш.Ар-Риёзи Арабистон мебошанд. Ҳатто бо унвони Вожаномаи «Ҳисор» дар кишвари Россия киштии илмӣ-тадқиқотии Гиссар мавҷуд мебошад. Вожаномаи «Ҳисор» дар таркиби бисёр ибораҳо, ки бо сифатҳои асливу нисбӣ сохта шудаанд, вомехӯранд. Масалан: Ҳисори оҳанин, тумани Ҳисор, вил. Ҳисор, бекигарии Ҳисор, ноҳ.Ҳисор, водии Ҳисор, қаторкӯҳҳои Ҳисор, Ҷ.д Ҳисор, Ҷ.ш.Ҳисор, деҳаи Ҳисор, ш.Ҳисор, литсейи «Ҳисория», маданияти Ҳисор, рӯзномаи «Ҳисори Шодмон», Канали калони Ҳисор, гӯсфанди ҳисорӣ, пахтаи Ҳисор, гандуми Ҳисор («Шарора»), сиккаҳои Ҳисор, ҶММ «Равғани Ҳисор», нуқтаи шаробпазии «Ҳисор», дидбонгоҳи гумрукии Ҳисор, гардиши Ҳисор ва ғайра. [1]

Адабиёт[вироиш]

  • С.Эшзода. Сайри ҷаҳонии вожаномаи «Ҳисор»//«Ҳисори зарнисор», №2, 2013,
  • О.Муҳаммадиев. Вожаномаи “Ҳисор”//"Маорифи Ҳисор”, №4, 2012.

Пайнавиштҳо[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор.-Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 192-193