Вознесенский, Андрей Андреевич
Вознесенский, Андрей Андреевич | |
---|---|
русӣ: Андрей Вознесенский | |
![]() | |
Таърихи таваллуд: | 12 май 1933[1][2][3][…] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1 июн 2010[1][3][4][…] (77 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Жанр: | шеър |
Забони осор: | русӣ[3] |
Ҷоизаҳо: | |
Имзо: |
![]() |
andreyvoznesenski.ru | |
![]() | |
![]() |
Вознесенский Андрей Андреевич (12 майи 1933, Маскав – 1 июни 2010, ҳамон ҷо) — шоири рус.
Зиндагинома[вироиш]
Хатмкардаи донишкадаи меъмории Маскав (1957). Яке аз намояндагони «назми баланд»-и рус, ки ашъори нахустинашро (дар 14-солагӣ) Б. Л. Пастернак баҳо додааст. Маҷмӯаҳои нахустинаш – «Мозаика», «Парабола» (ҳар ду – 1960) ва «Мурӯди секунҷа» (1962, ки пас аз сафари ИМА навишт) таваҷҷуҳи умумро ҷалб кард. Аз рӯйи силсилаи шеърҳои Андрей Вознесенский «Зиддиоламҳо» («Антимиры», 1964) театри Таганкаи Маскав бо ҳамин ном намоишнома ва аз рӯйи достони ӯ – «Авос» театри Ленкоми Маскав рок-операи «Юнон ва Авос»-ро ба саҳна гузошт. Андрей Вознесенский муаллифи повести «О» (1982), китобҳои «Муҳандисони рӯҳ» (1984), «Хандақ» (1986), «Фолнома» (1995), «Casino»-и «Руссия» (1997), мақолаҳои адабиётшиносию публитсистӣ мебошад. Дар ашъори Андрей Вознесенский мавқеи иҷтимоии қаҳрамонони лирикӣ ифода ёфтааст. Тарзи баёнаш мутантан мебошад; мекӯшид мақсаду маромашро дар шаклҳои нави шеър ба хонанда бирасонад. Андрей Вознесенский акад. Академияи маорифи Руссия (1994), дорандаи Мукофоти давлатии ИҶШС (1978) мебошад.
Осор[вироиш]
- Собрание сочинений. В. 5-ти томах., М., 2000 – 03.
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Немецкая национальная библиотека, Берлинская государственная библиотека, Баварская государственная библиотека и др. Record #118805770 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
- ↑ 2.0 2.1 Вознесенский Андрей Андреевич // Большая советская энциклопедия: [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.
- ↑ 3.0 3.1 3.2 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF: платформа открытых данных — 2011.
- ↑ SNAC — 2010.
- ↑ https://www.moma.org/artists/6192
Адабиёт[вироиш]
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.