Jump to content

Муҳаммад Кайвони Қазвинӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Воизи Қазвинӣ)
Муҳаммад Кайвони Қазвинӣ
Таърихи таваллуд: 1885
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1925
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: рӯзноманигор
Забони осор: форсӣ

Муҳаммад Яҳё Кайвони Қазвинӣ (форсӣ: محمد کیوان قزوینی‎), маъруф ба Воизи Қазвинӣ (форсӣ: واعظ قزوینی‎; 1885, Қазвин1925) — шоир, фарҳангӣ[1] ва рӯзноманигори сотсиалисти эронӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кайвони Қазвинӣ маъруф ба Воизи Қазвинӣ дар соли 1885 дар шаҳри Қазвин ба дунё омад. Падараш, Шайх Исмоили Воиз, аз ваъзкунандагон ва сӯфиёни Қазвин буд. Муҳаммад Яҳё Кайвони Қазвинӣ соҳиб, мудир ва сардабири рӯзномаи «Насиҳат» ва аз дӯстони Маликушшуаро Баҳор буд.

Муҳаммад Кайвон Қазвинӣ дар 7 обони соли 1304 (1925 мелодӣ) дар ҳоле ки рӯзномааш тавқиф шуда буд ва дар Теҳрон ба сар мебурд, террор шуд. Бархе гуфтаанд, ки Маликушшуаро Баҳор аз тарафи мухолифин маҳкум ба марг шуда буд ва Муҳаммад Кайвони Қазвинӣ ба хотири шабоҳати чеҳра ба ҷои вай кушта шуд. Ривояти дигаре низ вуҷуд дорад, ки вай ба хотири ин, ки бародараш Аббосалӣ Кайвони Қазвинӣ аз афроди бонуфуз ва наздик ба силсилаи Қоҷор будааст, террор шудааст. Бархе муътақиданд, ки қатли Воиз ба далели мақолаҳои тунди ӯ алайҳи низомиён ва сардори сипаҳ буда ва ин қатл комилан амдона ва огоҳона як рӯз қабл аз эътои салтанат ба Ризохон дар ростои аҳдофи сардори сипаҳ ва тарафдоронаш будааст.

Намунаи осор

[вироиш | вироиши манбаъ]

То акси гули руи ту дар чашми тари мост,
Домони пур аз хуншуда боғи назар мост.
Шабҳо ки бувад дар назар оина руят,
Берун шудани ҷон зи тан, оҳи саҳари мост.
Фархундаҳумои фалаки ҳиммати хешам,
Афшондани доман зи ҷаҳон, болу пари мост.
Помол шудан медиҳад охир бар давлат,
По бар сари мо ҳарки ниҳад, тоҷи сари мост.
Мо нахли сарафрохтаи гулшани ишқем,
Аз ғайри ту пайванд буридан самари мост.
Савдогари бемояи суди ду ҷаҳонем,
Бар гирди саропои ту гаштан сафари мост.
Моро ба вафодории мо қадр шиносанд,
Дар роҳи ту истодагӣ оби гуҳари мост.
Дар ҳеч диле Воизи мо ҷой надорад,
Ҳамтолеъи афғон тиҳӣ аз асари мост.

  1. یحیی واعظ کیوانی. rasekhoon.net. 22 июни 2024 санҷида шуд.