Войнич, Этел Лилиан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Войнич, Этел Лилиан
англ. Ethel Lilian Voynich
Voynich Ethel Lilian.jpg
Ном ба ҳангоми таваллуд:

англ. Ethel Lilian Boole[4]

Санаи таваллуд:

11 май 1864(1864-05-11)[1][2][3]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

27 июл 1960(1960-07-27)[2][3] (96 сол)

Маҳалли марг:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият:

нависанда, румоннавис, фаъол, оҳангсоз, прозанавис, тарҷумон, suffragist

Солҳои эҷод:

1897 — то ҳол

Забони осор:

англисӣ

Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

Э́тел Ли́лиан Во́йнич (англ. Ethel Lilian Voynich; 11 майи 1864, Баллинтемпл, Ирландия — 27 июли 1960, Ню-Йорк, ИМА) — нависандаи ирландӣ, композитор, тарҷумон аз забони русӣ.

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Консерваторияи Берлин (1885). Дар консерватория навохтани фортепианоро омӯхт. Ба сабаби ранҷурии дасташ аз навохтани ин сози мусиқӣ даст кашид. Ба Лондон баргашта бо муҳоҷирон — инкилобгарони рус робита пайдо кард. Солҳои 1887-89 дар Руссия зиндагӣ кардааст. Бо инқилобгар — муҳоҷири полшагӣ М. Войнич хонадор шуд (1892). Аз соли 1920 сокини ИМА.

Фаъолияти эҷодӣ[вироиш]

Соли 1890 дар Британияи Кабир ба фаъолияти эҷодӣ рӯй овард. Асарҳои Н. В. Гогол, А. Н. Островский, В. М. Гаршин, Ф. М. Достоевский, М. Е. Салтиков — Шедринро тарҷума карда, ба табъ расонд. Войничро романи инқилобии «Занбӯр» (1897), ки ба муборизаи озодихоҳии халқи Итолиё дар солҳои 30-40 асри 19 бахшида шудааст, машҳур гардонд. Дар асоси ин роман намоишномаҳо (дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи Абулқосим Лоҳутӣ аз рӯйи ин асар пйесае намоиш дода мешуд), опера ва филм офарида шудааст. Романи мазкурро нависандаи тоҷик С. Улуғзода ба ҳамин ном ба забони тоҷикӣ тарҷума кард, ки соли 1932 ба табъ расид. Дар таҳрири дуюм (нашр — 1982) ин асар «Ғурмагас» ном гирифтааст. Романҳои дигари ӯ — «Дӯстии қатъшуда» (1910), «Ҷек Реймонд» (1901), «Оливия Лэтам» (1904), «Пойафзоратро бикаш» (1945) низ бо рӯҳи шӯришгарона, дар мавзӯи озодии шахсӣ ва иҷтимоӣ эҷод шудаанд.

Войнич якчанд асари мусиқӣ низ офаридааст. Дар ораторияи ӯ — «Бобил» (1948) аз сарнагун гардидани ҳокимияти мутлақи шоҳӣ дар Руссия сухан меравад.

Осор[вироиш]

  • Занбӯр. Сталинобод (ба алифбои лотинӣ.) Д., 1932;
  • Ҳамин асар бо номи Ғурмагас. Д., 1982;
  • Овод. М., 2004.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Таратута Е. А. Э. Л. Войнич: Судьба писателя и судьба книги. М,, 1964;
  • Таратута Е. А. По следам «Овода». М., 1972.

Сарчашма[вироиш]