Вокруг света
Вокруг света | |
---|---|
русӣ: Vokrug sveta[1] | |
![]() | |
Забон | русӣ[1] |
Сармуҳаррир | Q60831201? |
Кишвар | |
Нашриёт | Molodaya Gvardiya[d] |
Таърихи таъсис | 1861 |
Шумораи нашр | Шаблон:Число[2] |
ISSN-и нусхаи чопӣ | Шаблон:Калимаи аввал Шаблон:Калимаи аввал Шаблон:Remove first word |
Индекс аз рӯи каталог «Роспечати» | 41505 |
Ҷоизаҳо | |
Вебгоҳ | vokrugsveta.ru |
![]() |
[[Гурӯҳ:Маҷаллаҳои {{{кишвар}}}]][[Гурӯҳ:Маҷаллаҳо ба {{{забон}}}]]
«Вокру́г све́та» — нахустин маҷаллаи илмӣ-оммавии Русия.
Таърих[вироиш]
Соли 1861 аз ҷониби ношири петербургӣ М. О. Волф таъсис ёфтааст. Соли 1869 чопи он қатъ гардида, соли 1885 аз нав барқарор шуд. Соли 1931 ба нашрияи собиқ КМ ИЛКҶУ табдил ёфт. То соли 1938 дар шаҳри Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург) чоп мешуд. Аз соли 1939 дар шаҳри Маскав ҳар моҳ ба нашр мерасад. «Вокруг света» инчунин дар Украина ва Қазоқистон (бо забони русӣ) ва Булғория (ба забони булғорӣ) бо иҷозатномаи нашрияҳои маҳаллӣ интишор мегардад. «Вокруг света» маводди марбут ба осори таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳаёти мардуми кишварҳои гуногун, тамаддуни имрӯзӣ ва қадим, саёҳатҳо, экспедитсияҳои бостоншиносию мардумшиносӣ, асарҳои илмию фантастикӣ ва пурмоҷаро, мақолаҳои илмию оммавӣ чоп мекунад. Маводди бештари он аз гузоришҳое иборат аст, ки махсус барои маҷалла омода мекунанд. Маҷалла асосан дар Русия паҳн шуда, дар хориҷа низ обуначиён дорад. Адади нашраш 250 000 нусха (2014).
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ 1.0 1.1 1.2 The ISSN portal — Paris: ISSN International Centre, 2005. — ISSN 0321-0669
- ↑ Журнал «Вокруг света». 4 ноябри 2018 санҷида шуд.
Адабиёт[вироиш]
- Человек открывает Землю: По страницам журнала «Вокруг света». М., 1986;
- Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.
Сарчашма[вироиш]
- Вокруг света / М. Абдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2017, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.