Волия
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Ҳусниҷаҳонхонум Волия (форсӣ: والییه) — шоираи эронӣ (асри 19).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Духтари шоҳи Эрон Фатҳалишоҳи Қоҷор (ҳукмронӣ 1797—1834). Дар манобеи адабӣ ва таърихӣ чун зани фасеҳбаён ёд шудааст. Писари ҳокими Курдистон ӯро ба занӣ гирифт, вале пас аз муддате бо зани дигаре хонадор шуд. Волия ба ҷойи валиаҳд — фарзанди ноболиғаш иҷрокунандаи умури ҳукумати Курдистон буд. Соҳибдевон аст. Беш аз 700 ғазал иншо кардааст. Рубоиҳо ва китобе бо номи «Бисоту нишот» низ дорад. Забони ашъораш содаву равон аст. Намунае аз шеъри Волия:
Ай табиби дили бемор, ба кошонаи дил
Ҷилва кун, навбати ҷон додани беморон аст.
Бода деҳ, бода, ки ашки ману акси рухи ёр
Тобиши муҳраи рахшону нами борон аст.
Гар чу Юсуф ту ба бозор равӣ, Волияат
Риштаи ҷон ба каф аз хайли харидорон аст.
Рубоие аз Волия:
Ба кӯи дилбар осоиш нахоҳад мардуми оқил,
Хатарнок аст ин водӣ, балохез аст ин манзил.
Ҳавои васлу савдои ду зулфат бар сари ҷонам,
Зиҳӣ, андешаи ботил, зиҳӣ, савдои беҳосил!
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]
- .کشاورز صدر. از رابعه تا پروین. تهران، 1333 هـ. ش
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Волия / У. Назиров // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.