Jump to content

Волтер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Волтер
фр. Voltaire
Таърихи таваллуд 21 ноябр 1694(1694-11-21)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 май 1778(1778-05-30)[4][5][6][…] (83 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ фалсафа
Алма-матер
Ҷоизаҳо
Имзо Имзо
Логотипи Викигуфтовард Гуфтовардҳо дар Викигуфтовард
Логотипи Викитека Осор дар Викитека
 Парвандаҳо дар Викианбор

Волтер (фр. Voltaire; 21 ноябри 1694, Порис, Фаронса — 30 майи 1778, ҳамонҷо; ном дар хурдӣ Франсуа́-Мари́ Аруэ́, фр. François Marie Arouet) — файласуф, нависанда, публисист ва таърихнигори фаронсавӣ, узви Академияи Фаронса (1746), АИ Пруссия (1750), узви ифтихории АИ Петербург (1746).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мактаби диниро дар Порис хатм кардааст. Фаъолияти илмию эҷодиаш барои таҳаввули куллии тафаккури халқҳои Аврупо мусоидат намудааст. Ба ақидаи Волтер қадру манзалати инсон дар хираду дониши ӯст, на дар мансубияташ ба ин ё он қишри ҷомеа.

Волтер тарафдори ҳокимияти мутлақ бо сарварии шоҳи соҳибмаърифат буд, ки қонунҳои одилона қабул намояд. Ӯ зарурати дигаргуниҳои иҷтимоиро дарк мекард ва мақсаду маромаш озодии тафаккур, сухан ва озодии виҷдон буд. Ба ақидаи ӯ маҳз сарвари соҳибмаърифат дар татбиқи ғояҳояш кумак расонида метавонист. Дар ҳамин замина Волтер муносибаташро бо ҳукмронони давр — шоҳи Пруссия Фридрихи II, иператори Русия Екатеринаи II ва дигарон барқарор карда буд; бисёре аз сарварони маъруфи кишварҳои Аврупо мекӯшиданд, ки бо Волтер робита дошта бошанд.

Волтер якчанд асари таърихӣ — «Таърихи Карли XII» (1732), «Асри Людвики XIV» (1751), «Дар бораи одобу русум ва маънавиёти мардум» бо муқаддимаи «Фалсафаи таърих» (1756), «Таърихи империяи Русия дар аҳди Пётри Кабир» (1759-63; соли 1809 дар ду ҷилд ба русӣ тарҷума шуд), «Таърихи парламенти Порис» (1769) нигоштааст. Дар чунин осор, ки қаҳрамони асосӣ халқ аст, ӯ кӯшидааст, ки аз далелҳои собиту воқеӣ истифода барад.

Осори фалсафӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар осори фалсафиаш («Номаҳои фалсафӣ», номи дигараш «Номаҳо оид ба мардуми англис» (1733 −34), «Рисола оид ба метафизика» (1734), «Заминаҳои фалсафаи Нютон» (1738) Волтер ҷонибдори деизм буд. Ба назари ӯ Худо офаридгори кулли мавҷудот, аз ҷумла модда — ҳастӣ ва муҳарррики он аст. Волтер калисоро ҳамчун ҳомии имтиёзҳои синфи ҳоким, пуштибони таассуб ва тундравӣ, душмани илму маориф танқид карда буд. Андешаҳои фалсафии пешқадами Волтер дар ташаккули насли нави маорифпарварони фаронсавӣ (Ламетри, Дидро, Ҳелветсий, Ҳолбах ва дигарон) нақши бузург гузоштанд. Волтер дар таҳияи «Энсиклопедия»-и фаронсавии садаи XVIII ширкат варзидааст. Ақоиди иҷтимоӣ-сиёсӣ, ахлоқӣ, назариёти Волтер оид ба дин ва мавқеи он дар ҷомеа, озодии виҷдон ва ғ. дар осори адабиаш — намоишнома-фоҷиаи «Эдип» (1718 рӯйи саҳна омад), «Қиссаҳои фалсафӣ» («Менон ва ё Хиради инсон», 1747), «Микромегас» (1752), «Шоҳдухтари Бобил» (1768), «Барзагови сафед» (1774), достони «Дӯшизаи орлеанӣ» (1735, нашр 1755) ифода ёфтаанд. Барои памфлеташ дар ҳаҷви ҳерсоги Орлеан ба зиндон афтод. Волтер дар жанрҳои адабӣ — драмаҳо (50 фоҷиа, мазҳака, либреттои операҳо), достонҳои ҳамосӣ, дидактикӣ, қасидаҳо ва ҳаҷвияҳо, ашъори ғиноӣ асар офаридааст. Ба қалами ӯ осори адабиётшиносӣ — «Санҷиши қалам дар ҳамоса» (1725), «Тафсири осори Корнел» (1764; оид ба эҷодиёти драматурги фаронсавӣ Корнел) низ тааллуқ доранд. Яке аз асарҳои бунёдии ифодагари ақоиду назариёти Волтер «Кандид» (1759; тарҷумаи тоҷикӣ — 1963) мебошад. Дар ин асар ӯ дар баробари нишон додани ҷанбаҳои мусбат ва манфии ҳамон давра, ба мардум бо шиори «Ҳар кас бояд боғи худро обод бикунад» муроҷиат намудааст. Волтер пешвои маорифпарварӣ дар Аврупо, намояндаи равияи адабии класситсизм мебошад. Волтер таҳти таъсири «Гулистон»-и Саъдӣ чанд асар, аз ҷумла «Содиқ»-ро (1748), эҷод намудааст. Дар асарҳои «Зоир», «Алҷазоир», «Золим», «Дарвеши чинӣ» ва ғ. мавзӯъҳои шарқӣ матраҳ гардидаанд.

Волтер шахсияти машҳури давраш буд, ки ба қавли адиби фаронсавӣ В. Ҳюго як қарнро дар ихтиёр дошт. Афкору ақоиди Волтер баъд аз фавти ӯ побарҷо монд ва дар доираҳои илмиву адабӣ, фарҳангӣ бо номи волтерчигӣ паҳн гардид.

  • Мухторов Ш. Саъдӣ ва ҷараёни маорифпарварии Франция // Вопросы филологии и методики преподавания иностранных языкоВолтер Д., 1975;
  • Кузнецов Волтер Н. Ф. М. Вольтер. М., 1978;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.