Волтинизм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Волтинизм (итол. volta — маротиба, дафъа) — соле як ё чанд бор насл овардани ҳашарот.

Он ҳашаротеро, ки соле як бор насл медиҳад, моноволтӣ, ду бор насл оварад, биволтӣ ва агар се бор насл дода тавонад, поливолтӣ меноманд. Ба ҳашароти моноволтӣ кайки хок, малах, канаи ғалладона ва ғ. мансубанд. Мевахӯраки себ ва карамхӯрак дар нимкураи шимолӣ моноволтӣ ва дар нимкураи ҷанубӣ поливолтӣ мебошанд. Кирмаки абрешим соле аз 1 то 7-8 бор насл меорад. Ин аломати асосии муқаррар кардани зоти кирмак аст. Кирмаки абрешими биволтӣ зудрас ва пурбардошт буда, нисбат ба кирмаки абрешими моноволтӣ хурд ва пилааш низ пастсифат аст. Дар натиҷаи ҷуфтӣ кардани кирмакҳои биволтӣ ва моноволтӣ, (абрешимаш хушсифат аст) зоти нави кирмак ба вуҷуд оварда шудааст, ки пурбардошт буда, пилаи калон дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]