Волӣ (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Волӣ (шоир)
Навъи фаъолият: шоир

Волӣ (форсӣ: والی‎) — тахаллуси Мирзоафзал Муншии Бухорӣ (? — 1637) — шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дарбори ҳукмрони замонаш муншӣ буд. Тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ аз ӯ чун нодираи айём, моҳир дар насри мусаҷҷаъ ва назми мурассаъ, устод дар хатту имло ёд кардааст. Дар бадоҳатан гуфтани шеър ҳам тавоно будааст. Дар шеър ба Муҳташами Кошӣ пайравӣ мекард. Девони ашъор доштааст ва онро Малеҳои Самарқандӣ дидааст, вале он дастраси муҳаққиқон нагардидааст. Дар «Тазкирату-ш-шуаро»-и Малеҳои Самарқандӣ 56 байт аз Волӣ сабт гардидааст.

Намунаҳо аз ашъори Волӣ:

Шеваи маҳбубии он дилраборо бандаам,
Бетакаллуф шеваҳои ошноро бандаам.
Донаву дом аст асбоби тааллуқ халқро,
Холи ӯро мухлису зулфи расоро бандаам.
Гар шавам, Волӣ, шаҳиди ханҷари ошӯби ӯ,
Як нигаҳ з-он чашми мафтун, хунбаҳоро бандаам.
***
Ушшоқ диданд занҷири зулфат,
Месӯхт моро он оташин рӯ.
Зуннор бастанд ҳамчун бараҳман,
Мекушт моро аз ноз кардан.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • .تذکرۀ مذاکر الاصحاب یا تذ کرة الشعرای ملیحای سمرقندی. دوشنبه، ۱۳۸۵ هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]