Вомиқи Калонурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Вомиқи Калонурӣ
Навъи фаъолият: шоир

Вомиқи Калонурӣ (форсӣ: وامق کلانوری‎ (? — 1730), Ихлосхони Вомиқ — таърихнигор ва шоири форсизабони Ҳинд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Вомиқи Калонурӣ аз ҳиндувони қавми кҳатрӣ баромада, бо даъвати шайх Муҳаммади Дарвеш ба ислом гаравид. Дар замони ҳукмронии Аврангзеб (1658—1707) бо дастгирии Мавлавӣ Абдуллоҳи Сиёлкутӣ ба хидмати дарбор роҳ ёфт. Вомиқи Калонурӣ баъд аз фавти Аврангзеб муддате аз дарбор дур шуда, дар Аврангобод вазифаи парвонагиро иҷро мекард. Ӯ бори дигар дар аҳди ҳукмронии Баҳодуршоҳ (1707—1712) ба дарбор роҳ ёфта, ба лақаби Ихлосхон сарфароз гардид. Дар замони Фаррухсияр (1713—1719) Вомиқи Калонурӣ ба вазифаи мирмуншӣ расида, бо амри шоҳ ба навиштани воқеаҳои замонаш шурӯъ кард. Дар аҳди Муҳаммадшоҳ (1719—1748) мансаби худро ҳифз кард. Вомиқи Калонурӣ дар айёми ҷавонии худ бо тахаллуси «Вомиқ» шеър мегуфт. «Подшоҳнома» (дар бораи воқеаҳои замони Фаррухсияр ва Муҳаммадшоҳ) ва «Девони ашъор»-и Вомиқи Калонурӣ то ба имрӯз нарасидаанд. Аз осори Вомиқи Калонурӣ танҳо «Руқаоти Ихлосхон» бо шумораи 5694/2375/2 дар китобхонаи Донишгоҳи Панҷоби Лоҳур боқӣ мондааст, ки аз 84 номаи муаллиф бо ҳамзамононаш иборат аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دانشنامۀ ادب فارسی. ادب فارسی در شبه قاره (هند، پاکستان، بنگلادش). جلد چهارم، بخش سوم، 1380 هـ.ش.؛
  • سرهنگ خواجه عبدرالرشید. تذکرۀ شعرای پنجاب. قراچی، 1346 هـ.ش.؛
  • اصلح. تذکرۀ شعرای کشمیر. قراچی، 1346 هـ.ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]