Вона

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вона
Тасвир
Кишвар
Иваз шуд ба Korean yen[d]
Central bank/issuer Bank of Korea[d]
Аввали вақт 1902
Охири вақт 1910

Во́на (кур. ?, ?) — воҳиди пули Кореяи Шимолӣ (1947) ва Кореяи Ҷанубӣ (1950).

Вона ба 100 чон тақсим мешавад. Ишораи расмии ҷаҳонии вона — ₩; рамзи байналмилалии бонкиаш ISO 4217 — KRW. Солҳои 1902-10 вона воҳиди пули Корея маҳсуб ёфта, дар таносуби 1: 5 ба муомилот бароварда шуд. Аслан дар шакли танга (филиззӣ) бо арзишҳои 1/2; 1; 5; 10; 20 чон, 1/2; 10; 20 вона бароварда мешуданд, пули коғазии он вуҷуд надошт. Ҳоло баъди қабули қарори ивази тартиби интишор ва арзишҳои он дар муомилот пулҳои коғазии арзиши номиналиашон 1000, 5000, 10000 ва 50000 вона ва тангаҳои арзишашон 1, 5, 10, 50, 100, 500 вона бароварда шудаанд. Мувофиқи қурби расмии Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (октябри 2013) 100 вона ба 0,0045 сомонӣ баробар аст.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]