Воронов, Авенир Аркадевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Воронов, Авенир Аркадевич
Санаи таваллуд:

15 (28) ноябр 1910

Зодгоҳ:
Санаи марг:

17 октябр 1992(1992-10-17) (81 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

control engineering[d]

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:
ордени Инқилоби Октябр Order of the Red Banner Order of the Patriotic War 1st class медали «Барои шуҷоати меҳнатӣ» Медали «Барои мудофиаи Москва» Medal "For the Victory over Germany in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Twenty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Thirty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" Jubilee Medal "Forty Years of Victory in the Great Patriotic War 1941–1945" медали «Ветерани меҳнат» Jubilee Medal "50 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "60 Years of the Armed Forces of the USSR" Jubilee Medal "70 Years of the Armed Forces of the USSR" Medal "In Commemoration of the 800th Anniversary of Moscow" Medal "In Commemoration of the 250th Anniversary of Leningrad"
Мукофоти ленинӣ

Авенир Аркадевич Воронов (15 (28) ноябри 1910, Ораниенбаум, губ. Санкт-Петербург — 17 октябри 1992, Маскав) — олими шӯравӣ дар соҳаи назарияи идоракунии автоматӣ. Академики АИ ИҶШС (1970).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Институти политехникии ш. Ленинград (1938). Аз соли 1939 то 1946 хидмат дар сафи Артиши Сурх. Аз соли 1946 устоди Омӯзишгоҳи олии техникии Маскав ба номи Бауман, аз соли 1948 корманди Институти автоматика ва телемеханика (ҳозира Институти муаммоҳои идоракунӣ), 1955-64 муовини директори Институти электромеханикаи АИ ИҶШС, аз солҳои 1964-70 директори Институти масоили идоракунӣ, аз соли 1970 директори Институти автоматика ва масоили идоракунии Маркази илмии АИ ИҶШС дар Шарқи Дур. Солҳои 1958-64 дар Институти политехникии Ленинград ва аз соли 1966 дар Институти радиотехника, электроника ва автоматикаи Маскав дарс медод. Аз соли 1980 ба Институти таҳлили системавии АИ Руссия (ВНИИСИ) баргашта, шуъбаи информатика, техникаи ҳисоббарор ва автоматикунониро таъсис дод. Авенир Воронов усулҳои таҳқиқи динамикаи равандҳоро дар системаҳои хаттӣ ва ғайрихаттӣ пешниҳод ва усулҳои синтези таҷҳизоти ҳисобкунии рақамиро барои идоракунии барномавӣ таҳия кард; якҷо бо шогирдон усулҳои басомадии моделониро, ки барои интихоби мувофиқи системаҳои коркарди иттилоот имкон медиҳанд, инкишоф дод.

Ҷоизаҳо[вироиш]

Дорандаи Мукофоти ленинӣ (1988). Бо ордени Байрақи Сурх ва медалҳо сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Основы теории автоматического управления, М., 1981;
  • Теория автоматического управления, М., 1986;
  • Оптимизация структур данных в АСУ, М., 1988.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]