Воронов, Николай Николаевич

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Воронов, Николай Николаевич
Nikolay Voronov 2.jpg
Зодрӯз 23 апрел (5 май) 1899
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 28 феврал 1968(1968-02-28)[1][2] (68 сол)
Маҳали даргузашт
Намуди қушун artillery[d]
Рутба Chief Marshal[d], Comcor[d], Q16636070?, Marshal of the branch[d], kombrig[d] ва Komandarm 2nd rank[d]
Набард/ҷангҳо
Commons-logo.svg Воронов, Николай Николаевич дар Викианбор

Никола́й Никола́евич Во́ронов (23 апрел (5 майи) 1899, Санкт-Петербург, Русияи подшоҳӣ — 28 феврали 1968, Маскав, ИҶШС) — сарлашкари шӯравӣ, Сармаршали артиллерия (1944), Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1965).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи курсҳои фармондеҳии артиллерия (1918) ва Академияи ҳарбии ба номи М. Фрунзе (1930). Иштироккунандаи Ҷанги шаҳрвандии Руссия. Аз соли 1918 то 1934 фармондеҳи ҷузъу томҳои артиллерӣ ва ситодӣ, 1934-36 директори Омӯзишгоҳи 1-уми артиллерии Ленинград, 1936-37 мушовири низомӣ дар Испания, 1937-41 фармондеҳи артиллерияи Артиши Сурх, сардори Раёсати мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ, 1941-43 ҷонишини комиссари халқии мудофиаи ИҶШС, дар давраи ҶБВ (1941-45) фармондеҳи артиллерия ва намояндаи Ситоди Сарфармондеҳи Олӣ буд. Ба торумор кардани гурӯҳи бамуҳосираафтодаи фашистони немис дар назди Сталинград сарварӣ намуд.

Нахустин касест, ки рутбаи маршали артиллерияро (1943) гирифтааст. Аз соли 1946 фармондеҳи артиллерияи Қувваҳои Мусаллаҳи ИҶШС. Солҳои 1950-53 президенти Академияи илмҳои артиллерӣ, 1953-58 сардори Академияи ҳарбии фармондеҳии артиллерӣ, аз соли 1958 дар корҳои масъули Вазорати мудофиаи ИҶШС. Муаллифи ёддоштҳои «Дар хидмати ҳарбӣ» (1962). Депутати Совети Олии ИҶШС (даъвати 2).

Ҷоизаҳо[вироиш]

Бо 6 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 4 ордени Байрақи Сурх, 3 ордени дараҷаи 1 Суворов, ордени Ситораи Сурх, медалҳо, 5 ордени хориҷӣ, туфанги фахрӣ сарфароз гардидааст.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Казаков К. Главний маршал артиллерии Н. Н. Воронов // Военно-исторический журнал, 1979, № 5;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш]