Воронсов-Веляминов, Борис Александрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Воронсов-Веляминов, Борис Александрович
Санаи таваллуд:

14 феврал 1904(1904-02-14)

Зодгоҳ:
Санаи марг:

27 январ 1994(1994-01-27) (89 сол)

Маҳалли марг:
Мамлакат:
Фазои илмӣ:

ахтаршиносӣ

Ҷойҳои кор:
Алма-матер:
Ҷоизаҳо:

Бори́с Алекса́ндрович Воронсо́в-Велями́нов (14 феврали 1904, Екатеринослав — 27 январи 1994, Маскав) — ахтаршинос, омӯзгор ва таърихшиноси шӯравӣ, дар оммавӣ гардонидани илм саҳми арзанда гузоштааст. Ходими хидматнишондодаи илми ҶШФСР. Узви вобастаи АИ педагогии ИҶШС (1940).

Зиндагинома[вироиш]

Хатмкардаи Донишгоҳи Маскав (1925). Аз соли 1924 дар Институти давлатии астрономии ба номи П. К. Штернберг (то 1931 Институти астрофизика) кор кардааст, проф. Донишгоҳи давлатии Маскав (аз соли 1934). Таҳқиқоти ӯ ба омӯзиши ситораҳои ғайрисобит, туманот, галактикаҳо ва зузанабҳо бахшида шудаанд. В. мавҷудияти ҳодисаи фурӯбариро дар муҳити байниситоравӣ ва гардиши ҳаставии зузанабҳо (1930) исбот карда, усулҳои муайян кардани масофаҳоро то туманоти сайёраҳо пешниҳод намуд (1933); 1200 системаи галактикаҳои шакл ва сохторашон нодирро кашф карда, онҳоро «галактикаҳои дорои таъсири мутақобила» ном гузошт (ду атласи аксҳои ин галактикаҳо солҳои 1959 ва 1977 ба чоп расидаанд). Солҳои 1961–74 якҷо бо ҳамкоронаш морфологияи тавсифоташон ҷузъии 32000 галактикаро чоп кард. Муаллифи бисёр монография ва китобҳои дарсӣ оид ба астрономия.

ҷоизаҳо[вироиш]

Бо ҷоизаи Ф. А. Бредихин (1977), медали «Барои кашфи ҷирмҳои осмонӣ» (1979) ва медали Ю. А. Гагарин сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш]

  • Новые звёзды и галактические туманности. М.–Л., 1935;
  • Газовые туманности и новые звёзды. М.–Л., 1948;
  • Очерки истории астрономии в России, М., 1956;
  • Очерки истории астрономии в СССР, М., 1960;
  • Внегалактическая астрономия, М., 1978;
  • Очерки о Вселенной, М., 1980.

Эзоҳ[вироиш]

Сарчашма[вироиш]