Фарохкарт

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ворукаша)

Ворукаша, Фарохкард — номи дарёест, ки дар Авесто, «Бундаҳишн» ва дигар адабиёти ориёӣ зикр шудааст. Ин дарё дар Авесто ҳамчун дарёи бузург ва муқаддас ба шакли Ворукаша ва дар осори паҳлавӣ Фарохкарт — ба маънои «фарох бурида» зикр шудааст.

Дар «Бундаҳишн» омадааст: «Дарёи Фарохкард ба ноҳияти Нимрӯз, канори Албурз аст, ки як севвуми ин заминро (дар бар) дорад. Аз ин рӯ Фарохкард номида шуд, ки як ҳазор дарё дар ӯ дошта шудааст» («Бундаҳишн». Бахши 29). Дар тавзеҳоти «Авесто»-и Ҷалили Дӯстхоҳ омадааст, ки «Пури Довуд эҳтимол додааст, ки Ворукаша бо дарёи Хазар яке бошад. Аммо Меҳрдоди Баҳор дар баррасии ҷуғрофиёи асотирии Эрон ин баҳрро бо уқёнуси Ҳинд як мешуморад». Вай бештар ба пораи зерин такя кардааст, ки дар «Тиряшт» омадааст: «Он гоҳ меҳ аз он сӯйи Ҳинд, аз кӯҳе, ки дар миёни дарёи Фарохкард ҷой дорад, бархезад». Аз сабаби он ки дар он замон минтақаи Осиёи Марказӣ нисбат ба мавқеи имрӯзааш аз с. б. тақр. 500—600 м пасттар воқеъ будааст, аксар вақт онро кӯлҳо ё баҳрҳои равон меномидаанд. Муаллифони китоби «История Таджикского народа» ҳамчунин баҳри Каспийро дарёи Ворукаша донистаанд. Агар навиштаҳои Авесторо дар хусуси ин баҳр ва кӯҳи Ҳаро Баразайт, ҳамчунин дигар ҳолатҳои тасвиршударо таҳлил кунем, Ворукаша ва ё Фарохкард ба баҳри Арал ва рӯди Ому, инчунин рӯди Сир айният мегирад. Дар адабиёти авестоӣ Фарохкард — Ворукаша, ки рӯди Панҷ қисмате аз он аст ва кӯҳи Албурз — қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ бо Нимрӯз дар ҳамҷаворӣ тасвир ёфтаанд, ки чунин тасвирот ба минтақаи мавриди таҳқиқ мувофиқ меояд. Тибқи навиштаҳои Авесто ва «Бундаҳишн» Ворукаша бо кӯлҳои Чайчаст (Қарокӯл), Фраздон (Рангкӯл), Киёнса — Ҳомун (Яшилкӯл — Суман) пайваст аст, ки воқеан чанде аз шохобҳои д.-и Панҷ аз ин кӯлҳо сарчашма мегиранд. Ҳоло бо сабаби камшавии обҳо пайвастшавии Рангкӯл бо сарчашмаи Панҷ аз байн рафтааст. Рӯди Ардвисура, ки яке аз шохобҳои рӯди Панҷ — Ванҷрӯд аст, аз кӯҳи Хукар (ба номи Исмоили Сомонӣ) ба рӯди Ворукаш (Панҷ — Омӯ) мерезад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Авесто. Д., 2001;
  • Муминҷонов Ҳ. Турон — гаҳвораи тамаддуни ориёӣ. Д., 2004;
  • Бундаҳишн. Д., 2006;
  • Ҳотам М. Эрони Гумшуда. Д., 2012.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]