Ҳулбук (шаҳрак)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Восеъ (шаҳрак))
Шаҳрак
Ҳулбук
Ҳулбук
37°48′18″ с. ш. 69°38′47″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Вилояти Хатлон
Ноҳия Ноҳияи Восеъ
Таърих ва ҷуғрофиё
Баландии марказ 470 м
Минтақаи замонӣ {{{минтақаи замонӣ}}}
Аҳолӣ
Аҳолӣ 32 100[1] тан (2022)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафӣ
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Нишон додан/Пинҳон кардани харита
Ҳулбук дар харитаи
Ҳулбук
Ҳулбук
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ҳулбук (то соли 1961 Пойтуғ ва то соли 2018 Восеъ) — шаҳрак, маркази маъмурии ноҳия ва ҷамоати шаҳраки ноҳияи Восеъ.

Ҷойгоҳ ва мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Восеъ то маркази вилоят 130 км, то шаҳри Душанбе 186 км; роҳ асфалт­пӯш[2]. Аҳолиаш 22 790 нафар (2014).

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
30,6 32,1

Маориф, фарҳанг ва иҷтимоиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳулбук 4 мактаби таҳси­лоти миё­наи умумӣ, 1 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, гимназияи «Ориёно», омӯзишгоҳи касбӣ-тех­ни­кӣ, филиали колле­ҷи тиббии шаҳри Кӯлоб, шуъбаи маориф, мактаби вар­зи­шӣ, вар­зиш­гоҳ, 2 китобхона, мактаби санъат, шуъба ва қасри фар­ҳанг, кӯдакистон, 5 суратгирхона, нуқтаҳои хид­мати маишӣ, маркази савдо, 80 нуқтаи савдои хусусӣ, 60 муассисаи хӯ­роки умумӣ, чойхонаи мил­лӣ, шуъбаи ало­қа, беморхонаи марказӣ, 12 дорухона, 2 дармонгоҳ, мар­кази саломатӣ, автовокзал дорад. Дар Восеъ ҷамъияти матлубот, идораи роҳ­созӣ, идораи байторӣ, пойгоҳи нақ­лиё­тӣ, ситоди ҳолат­ҳои фавқу­ло­да, идораи кишоварзӣ, комиссариати ҳарбӣ, шуъ­баи кор­ҳои до­хи­лӣ, суди ноҳия­вӣ, прокуратура, муассисаи серсо­ҳаи хоҷагии манзилӣ-ком­му­на­лӣ, нозироти андоз, раёсати агентии омор, сабти асноди ҳолатҳои шаҳр­вандӣ (САҲШ), матбаа, ҶСК «Хо­ҷа­мӯъ­мин», ширкати хусусии «Самар», ҶС «Котон» ва ғайра фаъо­лият доранд.

Хоҷагидорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Со­ҳа­ҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ ва саб­за­вот­корӣ. За­минҳо тариқи наҳр аз дарёҳои Оқсу ва Сурхоб обёрӣ мешаванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 21 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 4. ВИЧЛАС-ГӮЯНДА — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2015, — с.71-74

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]