Восилии Кобулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Восилии Кобулӣ
Навъи фаъолият: шоир

Восилии Кобулӣ (форсӣ: واصلئ کابلی‎), Мирзо Муҳаммаднабихон ибни Мирзо Ҳошимхон (1828, Кобул 1891, ҳамон ҷо) — шоири тоҷик.

Бо лақаби «Дабиру-л-мулк» низ машҳур аст. Таълимоти ибтидоиро дар назди Мулло Раҳмдилхони мударрис дар қаряи Муродхонии Кобул гирифта, баъд аз он ҳунари хаттотиро омӯхтааст. Дар шеъргӯӣ шавқ ва табъи баланд доштааст. Восилии Кобулӣ шахси соҳибиззату обрӯманд будааст. Дар Кобул бо сардабири дафтари шоҳӣ Мирзо Муҳсинхон шинос шуда, дар дарбори Шералихон ба кор даромад. Баъди сафири Афғонистон дар Русия таъйин гардидани Мирзо Муҳсинхон вазифаи муншӣ, дабир ва сардабирии дарборро ба уҳда гирифт. Дар замони ҳукмронии Абдураҳмонхон низ Восилии Кобулӣ аз аҳли дарбор будааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Восилии Кобулӣ шоири ғазалсарост. Ғазалҳояш дар пайравӣ аз ғазалҳои Ҳофиз ва бо сабки ироқӣ эҷод шудаанд. Дар девони ашъори Восилии Кобулӣ анвои гуногуни назм — қасида, қитъа, рубоӣ, тарҷеъбанд ва ғ. фароҳам омадаанд. Як девони иборат аз мухаммасҳо низ доштааст. Ин ғазал аз ӯст:

Май хӯр ба савти фохта имшаб, ки субҳдам
Аз андалеби ин чаман овоз нашнавӣ.
Ай сарви навбаромада, ин саркашӣ чаро,
Чун як-ду рӯзи дигар аз ин боғ меравӣ?
Гар Ҷам шавӣ ба ҳашмату Доро ба кибру ноз,
Охир ба тахта ҷо шавӣ аз тахти хусравӣ.
Подоши нек неку мукофоти бад бад аст,
Дирӯз ҳар чӣ киштаӣ, имрӯз бидравӣ.
Шайхони шаҳри мо ҳама арбоби нахватанд,
Ҳон, ай писар, ба зоҳири ин қавм награвӣ!
Шукри Худо, ки далқи майолуди пири мо
Аз моли вақф нест чу дастори мавлавӣ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • افغانستان آریانا. دائرةالمعارف. کابل،1955

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]