Восилии Марвазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Восилии Марвазӣ
Навъи фаъолият: шоир

Восилии Марвазӣ (форсӣ: واصلی مروزی‎; ? — 1561) — шоири фосизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Балх таҳсил карда, ба камол расид. Дар манбаъҳои адабӣ, аз ҷумла, «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибии Самарқандӣ аз ӯ чун шоири хушгӯй ва машҳуре ёд шудааст. Аз ин шоир дар тазкираҳои «Ҳафт иқлим», «Рӯзи равшан», «Нигористони сухан», «Шоми ғарибон», «Гулзори ҷовидон», «Арафоту-л-ошиқин» ва ғ. низ ёд шудааст. Қаландариро пеша карда буд. Муддате дар шаҳри Ҳирот зист, баъдан ба Қазвин рафта дар дарбори Таҳмоспи I (ҳукмронӣ 1524-76) хидмат кард. Дар либоси қаландарӣ ба Ҳиндустон рафт ва муддате дар хидмати дарбори Насриддин Муҳаммад Ҳумоюн (ҳукмронӣ 1530 — 56) буд. Пас аз сафари ҳаҷ ба Фарорӯд баргашт ва дар ҳамин ҷо аз олам даргузашт. Аз эҷодиёти Восилии Марвазӣ ғазалҳо, қитъаҳо ва абёти пароканда тавассути тазкираҳову баёзҳо расидаанд. Ғазалҳояш ишқӣ-ирфониянд. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти ӯянд:

Ин лоларӯй ғолия аз мушки Чин кашид,
Ё бар баёзи моҳ хатти анбарин кашид.
Дил сайди чашми ӯ, ки зи мижгон кашид тир,
Қурбони абрӯяш, ки камон аз камин кашид.
Ман сина чок кардаам, ӯ хашмнок шуд,
Ман рӯйи дил намудаму ӯ теғи кин кашид.
Афтод акси оина бар хоки мақдамаш,
Ё офтобро маҳи ман бар замин кашид.
Ҷоне, ки дошт Восилӣ аз ишқ ёдгор,
Мардонавор дар раҳи мардони дин кашид.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مطربی سمرقندی. تذکرة الشعرأ. تهران، 1377 هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]