Воситаи ахбори омма

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воситаи ахбори омма (ВАО) – василаҳои паҳнкунии ахбор барои омма – нашрияи даврии чопӣ, радио, телевизион, видео, аудио, кинохроника, оҷонсии иттилоотӣ, сомонаҳои интернетӣ; воситаҳои ахбори омма (матбуот, радио, телевизион, ҳамчунин сомонаҳои интернетӣ), ки фаъолияти рӯзноманигорон тавассути онҳо амалӣ мегардад. ВАО вазифаҳои гуногунро иҷро мекунад: иттилоотӣ, таълиму тарбиявӣ, танқид ва назорат, тарзи иҷрои хоҳишҳои иҷтимоӣ, сафарбаркунӣ, яъне ташвиқ ба амали муайяни сиёсӣ. ВАО имкони бузурги таъсир ба ақлу эҳсоси одамон ва рафтори сиёсиро дорад. Дастрасӣ ба ВАО шароити муҳиммест дар ташаккули рақобат ва таъмини демократия дар ҷомеа.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 50 - 51. ISBN-978-999-47-43-37-7