Воситаҳои назорати техникӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воситаҳои назорати техникӣ — маъмурияти муассисаи ислоҳӣ ба мақсади пешгирии фирори маҳкумшудагон ва дигар ҷиноятҳо, вайронкунии қоидаҳои адои ҷазо ва гирифтани маълумоти зарурӣ оид ба рафтори маҳкумшудагон аз паси онҳо бо воситаҳои назорати аудиовизуалй, электронӣ ва дигар воситаҳои техникӣ мушоҳида менамояд. Маъмурияти муассисаи ислоҳӣ дар бораи истифода бурдани воситаҳои назораги техникӣ ва дар бораи аз кор баровардани онҳо, ки боиси хавф ба ҳаёт ва саломатӣ аст, маҳкумшудагонро бояд огоҳ созад.[1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 123