Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Восиф Бохтарӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Восиф Бохтарӣ
Таърихи таваллуд 15 марти 1943(1943-03-15)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 июли 2023(2023-07-19) (80 сол)
Маҳалли даргузашт
Шаҳрвандӣ (табаият)
Таҳсилот
Навъи фаъолият шоир, устоди донишгоҳ, нависанда
Забони осор пашту

Бохтарӣ Восиф (таваллуд 1942, ш. Мазори Шариф) — шоир ва адиби даризабони Афғонистон.

Факултаи адабиёти Донишгоҳи Кобулро хатм кардааст (1967). Дар Дониш­гоҳи Колумбияи ИМА дар соҳаи таълиму тарбия такмили дониш намудааст. Корманди Вазорати маорифи Аф­ғонис­тон (1967–81), сармуҳаррири маҷаллаи «Жвандун» («Зин­дагӣ»; 1981–96). Баъдан муддате дар Пешовари Покистон зиндагӣ карда, аз он ҷо ба ИМА кӯчид.

Маҷмӯаи нахустини ашъораш «...Ва офтоб намирад» (1983). Баъдан маҷмӯа­ҳои дигараш «Аз меъод то ҳаргиз», «Аз ин оинаи бишкастаи таърих», «Дебоча дар фар­ҷом», «Дар истивои фасли шикас­тан», «Мӯяҳои Исфандёри гумшуда», «Дарвозаҳои бастаи тақ­вим» ва ғ. ба табъ расиданд.

Дар оғози роҳи эҷодӣ дар қолаби шеъри суннатӣ эҷод мекард. Баъдан сабки вижаи худро дар сурудани шеъри «нав»-и нимоӣ (Нимо Юшиҷ) пеш гирифт. Ашъораш ҷан­баи зеҳнию фалсафӣ доранд. Бохтарӣ оид ба эҷодиёти баъзе намояндагони адабиёти классикии форс-тоҷик – Фирдав­сӣ, Фахруддини Гургонӣ (достони «Вису Ромин»), Ҷало­луд­дини Балхӣ (Румӣ) ва дигарон мақолаҳо ва рисолаҳои ил­мӣ нигоштааст. Дар матбуоти Тоҷикистон (масалан, маҷалаи «Садои Шарқ», 1990, № 1) баъзе шеърҳояш чоп шудаанд.