Вотум

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Во́тум (лот. votum — ирода, раъй) — қарор, райъе, ки тавассути овоздиҳӣ қабул шуда, дар таҷрибаи сиёсии давлатҳо тартиби изҳори боварӣ ё нобоварӣ ба фаъолияти ҳукумат ё вазирро ифода мекунад.

Ҳадафи асосии вотум дарёфти роҳу воситаҳои таъмини ҳамкорӣ байни ҳукумат ва парламент мебошад. Вотуми боварӣ дар низоми идоракунии демократӣ овоздиҳии парламентиест, ки намояндагони палатаи поёнӣ мавқеашонро нисбат ба самтҳои асосии сиёсат, лоиҳаҳои қонуни ҳукумат ё вазир изҳор менамоянд. Вотуми боварӣ метавонад бо ташаббуси ҳукумат ё гурӯҳи намояндагон дар парламент гузошта шавад. Дар шароити дар парламент аксариятро ташкил додани ҷонибдорони ҳукумат вотуми боварӣ ҳосил мешавад. Дар мамлакатҳои узви Иттиҳоди Британия – Англия, Канада, Австралия ва Зеландияи Нав пешниҳодҳои мухолифин оид ба лоиҳаҳои қонунҳо ва буҷа метавонад боис гардад, ки масъалаи вотуми боварӣ баъди баррасӣ ба овоздиҳӣ гузошта шавад Дар бундестаг (парламент)-и Олмон танҳо «вотуми нобоварии конструктивӣ» маъмул аст, ки натиҷаи он метавонад интихоби канслери нав тавассути тарафдории аксарият гардад. Канслер ҳуқуқ дорад дар дилхоҳ маврид дар бораи дарёфти вотуми боварӣ дар парламент масъала ба миён гузорад. Дар ҳолати нобоварии бундестаг ба канслер, агар бундестаг канслери навро интихоб карда натавонад, Президенти Олмон бо пешниҳоди канслер баъди 21 рӯз онро пароканда менамояд. Мувофиқи моддаи 49 Конститутсияи Фаронса ҳукумат барои дарёфти вотуми боварӣ метавонад доир кардани овоздиҳиро дар мавриди барномаҳои ҳукуматӣ ва масъалаҳои умумимиллӣ дар Маҷлиси миллӣ (парламент) талаб намояд. Вотуми боварӣ дар Фаронса бо ду мақсад баргузор карда мешавад:

  1. Дар оғози ба сари қудрат омадан неруҳои сиёсӣ боварӣ ҳосил намоянд, ки барномаи нави ҳукуматро ҷиҳати татбиқи минбаъда аксарият ҷонибдорӣ мекунад.
  2. Дастгирии ҳукумат дар мавриди сар задани ҳолатҳои фавқулода ва ё руйдодҳои муҳимми сиёсӣ. Вотуми нобоварӣ дар таҷрибаи кишварҳо изҳори нобоварии парламентӣ ба барнома ва ташаббуси сиёсӣ, ё лоиҳаи қонуни ҳукумат ва ё вазир мебошад. Дар сурати ба даст наомадани вотуми боварӣ ҳукумат ба истеъфо рафта, парламент пароканда мегардад ва интихоботи умумӣ баргузор карда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]