Воқеанигорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Воқеанигорӣ, публисистика (русӣ: Публицистика) — тарзи иттилоотии рӯзноманигорӣ, ки ягон ҳодисаву воқеаро фавран бо ҷузъиёти заруриаш возеҳан пешкаши муштариён мегардонад ва шоҳиди он худи воқеанигор аст.

Маҳз воқеанигор маҷмӯи иттилоотро гирдоварӣ мекунад, ки боиси шавқоварӣ ва рангорангии матолиби рӯзномаҳо, оҷонсиҳои иттилоотӣ, намоишҳои телевизионӣ, гуфторҳои радиоӣ ва блокҳои интернетӣ мегарданд.

Воқеанигор иттилоъро бештар аз се манбаъ гирдоварӣ мекунад:

  1. асноду ҳуҷҷат ва сабту забт;
  2. мусоҳиба.
  3. мушоҳидаи шахсӣ.

Адибони маъруфи ҷаҳон, монанди Ч. Диккенс, В. Гиляровский, М. Колсов, В. Песков ва дигарон фаъолияти худро чун воқеанигор оғоз карда, ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар расонаҳои хабарии Тоҷикистон воқеанигорӣ аз солҳои 30 асри 20 аз обёрии водии Вахш, бунёди иншооту корхонаҳои азими саноатӣ, кандани наҳрҳои Ҳисору Фарғона, сохтмони роҳҳои мошинагарди Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Хоруғ оғоз гардида, минбаъд вобаста ба бунёди НБО-и Норак, маҷмӯи корхонаҳои азими саноатии ҷануби Тоҷикистон, бавижа корхонаҳои бузурги 3-ди алюминийи Тоҷикистон, 3аводи нуриҳои нитрогендори Вахш густариш ёфт.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Усмонов И., Давронов Д. Таърихи журналистикаи тоҷик. Д., 2008;
  • Усмонов И. Назарияи публитсистика. Д., 2009.

Сарчашма[вироиш]