Воқеаҳои кунунӣ/Бойгонии солҳои 2007-2016

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Портали рӯйдодҳои кунунӣ

Вақт: 18:35 UTC  |  Сана: 20 апрел
Фарқи соатҳо аз вақти Гринвич:
   Аляска: −11   Лос-Анҷелес: −9   Даллас: −7
Ню-Йорк: −5     Рио-де-Жанейро: −4
Лондон: +0   Париж, Берлин: +1
Калининград: +2   Москва: +3
Самара: +4
Екатеринбург: +5   Новосибирск: +6
Красноярск: +7   Иркутск: +8
Владивосток: +10   Магадан: +11  Чукотка: +12

Мундариҷа

14 ноябр соли 2016[вироиш]

29 октябр соли 2016[вироиш]

  • 29 октябри соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон худ савори булдозери вазнин аз соати 10-и субҳ то 11:30 расо якуним соат бо пеш кардани сангу шағал маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳусни оғоз бахшид[4].

13 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Дар ноҳияи Спитамани вилояти Суғд бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи истеҳсолии Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи ҶСП «Норд Азия Металл» баргузор гардид.
    ҶСП «Норд Азия Металл» самараи ҳамкориҳои манфиатбори доираи соҳибкорону сармоягузорони Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Сохтмони корхона соли 2014 оғоз гардида барои бунёд ва васлу насби таҷҳизоти муосир дар он беш аз 23 млн сомонӣ масраф шудааст, ки 11 млн сомонии онро арзиши таҷҳизоту технологияҳои корхона ташкил медиҳад. Дар корхонаи навбунёд асосан қубурҳо ва профилҳои металии даврашакл ва чоркунҷашакл истеҳсол шуда иқтидори солонааш 60 ҳазор тонна металл мебошад.
    Инчунин дар ноҳия ифтитоҳи корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди ҶДММ «Спитамен Ойл» ки соли 2010 дар минтақаи саноатии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия дар асоси шартнома бо ширкати «Кушо» оғоз шуда баанҷом расидаст, баргузор гардид.[5][6][7]

9 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори солгарди 25-умин Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хиёбони Рӯдакӣ то кӯчаи Исмоили Сомонӣ роҳпаймоӣ гузаронида шуд, ки дар он 52 ҳазор нафар донишҷӯёни макотиби олӣ, мактаббачагон ва кормандони муассисаҳои давлатии кишвар ширкат доштанд. Бояд гуфт, ки ширкаткунандагон ин намоиш бо сарулибоси идонаи гуногунранг ва бо шиору овезаҳои саршор аз муҳаббату самимият нисбат ба Ватан-модар, арзишҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо нишони арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу миллат раҳпаймоӣ карданд. (Ниг. Ба аксҳо)[8]
  • Бегоҳии 9 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ барномаи муҳташами фарҳангии ҳунармандону ҳаваскорон ва донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ баргузор гардид. Барномаи театркунонидашудаи ҷашнӣ иборат аз суруду таронаҳо ва саҳнаҳои ҷолиби тараннумкунандаи арзишҳои волои миллӣ дар замони 25 соли истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби бештар аз 12 ҳазор нафар манзури ҳозирин карда шуд. Мушакандозии бардавом анҷомбахши барномаи театркунонидашуда буд, ки сокинон ва меҳмонон пойтахт дар давоми зиёда аз 10 дақиқа онро тамошо намуданд. Дар чорабиниҳои ҷашнӣ намояндагони сафоратхонаҳо, созмонҳои байналмилалии муқими пойтахт, журналистони ВАО ва меҳмонон хориҷи кишвар ҳузур доштанд.[9][10]

8 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Тантанаи идонаи ҷашнӣ ба муносибати таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар майдони Дӯстии пойтахт аз субҳи имрӯз оғоз гардид. Бо қадамҳои мутантани сафӣ аз маркази майдони чорабинӣ беш аз 16 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ расми гузашти низомӣ доир намуданд.[11]

3 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон марҳум Ислом Каримов вориди шаҳри Самарқанд шуданд. Маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов дар майдони Регистон ва митинги мотам дар Қароргоҳи Ҳукуматии шаҳри Самарқанд баргузор гардид. Дар ин маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони як қатор давлатҳою ҳукуматҳо, роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи олам ва намояндагони корпуси дипломатӣ иштирок карданд.[12]

2 сентябр соли 2016[вироиш]

  • Шоми 2 сентябри соли 2016 ҳукумати Ӯзбакистон расман марги Ислом Каримовро тасдиқ кард.[13] Дар мамлакат се рӯз мотами миллӣ эълон гардид. Маросими бахоксупории раиси ҷумҳури Узбакистон имрӯз, 3 сентябр дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад.[14]

1 сентябр соли 2016[вироиш]


25 августи соли 2016[вироиш]

Аз 18 то 25 август донишномаи Википедия.ру (анг. Wikipedia.ru), ба рӯйхати сомонаҳои дар Русия баста шуда шомил шуда буд. Ин амал аз ҷониби идораи назорати давлатии Русия - Роснадзор бо пешниҳоди қарори суди яке аз ноҳияҳои вилояти Астрахани Русия, барои дар ВП русӣ нашр намудани мақолаи "Чарас" (Чарас (наркотическое_вещество) бештар...) бинобар дар ВП-и русӣ нашр гардидани мақолае, ки намуд ва таркиби маводи нашъадорро дорост, иҷро гардида буд. Роснадзори Русия рӯзи 25.08.2016 ин қарорашро бекор кард ва ВП русӣ дар қаламрави Русия боз ба кор даромад. (бештар...)

24 августи соли 2016[вироиш]

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиё, намояндагони соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва ҷавонони фаъолу ташаббускор дар ноҳияи Ёвон дар вазъияти мутантан роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлобро расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Ин роҳи оҳан пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистоншаҳри Душанберо бо Вилояти Хатлон пайваст мекунад. Сохтмони хати роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа-Кӯлоб, ки аҳамияти минтақавию байналмилалӣ дорад, ҳанӯз моҳи марти соли 2009 шурӯъ шуда буд. Масофаи умумии он дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон 41 км буда, дар ин масир 3 нақб ва 8 адад пули калону миёна сохта шудааст.

20 августи соли 2016[вироиш]

Шаби 19 август соати 21:05 ба вақти маҳаллии Бразилия (соати 5:05-и 20 август ба вақти Душанбе) дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия мусобиқоти ниҳоӣ шурӯъ шуд ва варзишгари Тоҷикистон Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз ҳама рақибонаш пеш гузашт ва сазовори унвони чемпиони бозиҳои XXXI олимпӣ ва медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардид.


1 июни соли 2016[вироиш]

То 1 июни соли 2016 дар Википедиа 293 қисматҳои забонҳои ҷаҳонӣ (аз он ҷумла 282-тои он фаъол) мавҷуданд. Аз ҷумла, 13-тои он зиёда аз 1 миллион мақола, 45-тоаш аз 100 ҳазор то 1 млн. мақола, 74-тоаш зиёда аз 10 ҳазор мақола (аз ҷумла ба забони тоҷикӣ) ва 112 қисматҳо зиёда аз 1 ҳазор мақола доранд. Ҷамъи ҳамаи мақолаҳои ба забоноҳои гуногун вироишгардида то 1 июни соли 2016 - 40 157 126 мақола (аз ҷумла зиёда аз 150 млн. саҳифа)ро дарбар мегирифт).[16]

апрели соли 2016[вироиш]

  • 22 апрели соли 2016 Корхонаи ҶДММ “Хуаҷиан Ғаюр Индастриал” — дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба истифода супорида шудааст. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ифтитоҳи як коргоҳи истеҳсоли варақаҳои гаҷӣ дар саҳни ҳавлии он барои бунёди боз ду корхона оид ба истеҳсоли рангҳои гуногун ва маводи нигоҳдорандаи гармӣ – пахташиша бо таъсиси 150 ҷойи корӣ санги асос гузошт.[17]
  • Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон 15 март тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ»-ро имзо намуд, ки мувофиқи он ба кӯдак гузоштани номи ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона, аз ҷумла номи ашё, мол, ҳайвонот, ном ва истифодаи ибораҳои таҳқиромезе, ки шаъну шарафи инсонро паст мезананд ва одамонро ба табақаҳо ҷудо менамоянд, манъ карда шудааст”.

Аз моҳи марти соли равон номгузорӣ бо истифода аз пасвандҳои “ов” ва “ович” мамнуъ мебошад: “Аммо ин муқаррарот ба ақалиятҳои миллӣ рабт надорад. Барои баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон муқаррар шудааст, ки тоҷикон аз номгузории миллии худ кор баранд. Тоҷикон метавонанд бо истифода аз пасвандҳои “зода”, “иён””пур” ва ғайра фарзандонашонро ном гузоранд. Барои афроде, ки феълан бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, иваз намудани номгузорӣ ихтиёрӣ мебошад: "Онҳое, ки айни ҳол дар санадҳо бо "ов" ва "ович" сабт шудаанд, метавонанд номгузорияшонро иваз кунанд. Ин ихтиёрӣ мебошад".[18]

марти соли 2016[вироиш]

24 марти соли 2016 Корхонаи ҶДММ "Хуаксин Ғаюр - Суғд-семент" — дар ноҳияи Ғафуров ва Корхонаи ҶДММ "Нафтрасон" — дар ш. Конибодоми вилояти Суғд ифтитоҳ ёфтаанд.[19][20]

Донистаниҳо[вироиш]

Рӯйхате шаҳру ноҳияҳо ва иншооти ҷуғрофӣ, ки номашон тағйир ёфт:

Ғайр аз ин, ба ифтихори Пешвои миллат шаҳрак дар ҷамоати Сучони ноҳияи Шуғнон Раҳмонобод номгузорӣ шуд. Ин шаҳрак бо ташаббуси президенти Тоҷикистон тирамоҳи соли гузашта дар мавзеи Питовдашт барои сокинони моҳи июли соли 2015 аз селфароӣ осебдида бунёд гардид.[22]

январи соли 2016[вироиш]

  • 15 январ Википедиа ҷашни 15 солагии амалашро таҷлил намуд. Дар асри XXI лоиҳаи Википедиа башарияти оламро бомаърифат кард ва ин саҳми барҷаставу беғаразонаи ҳамкории корбарони гуногунзабони лоиҳа, барои башарият аст. Нигаред ба саҳифаи 15 солагии Википедиа

декабри соли 2015[вироиш]

  • 25 декабри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» ба имзо расонид. Қонун дар асоси пешниҳоди бархе аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон 9 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат» қабул ва 18 декабри соли 2015 аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон якдилона ҷонибдорӣ карда шуд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» бо мақсади тақвияти асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ ва тамомияти арзӣ, якпорчагии Ватан, пойдориву бардавомии давлати Тоҷикистон, таҳкими демократия, таъмини рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон таҳия ва қабул карда шудааст.
  • Қонуни мазкур аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, вазъи сиёсиву ҳуқуқӣ, салоҳият, дахлнопазирӣ, бунёди осорхона, бойгонӣ, китобхона, амният ва кафолатҳои иҷтимоию иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллатро муқаррар мекунад.[23]


  1. Шумораи мақолаҳо - зиёда аз 40 000
  2. Шумораи саҳифаҳо - 89 426 саҳ.

Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 83-ӯм қарор гирифтааст.

Октябри соли 2015[вироиш]

18 октябр - дар ноҳияи Айнӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакентро ифтитоҳ намуд. Роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент 112,6 километрро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ моҳи октябри соли 2012 оғоз гардида, моҳи октябри соли 2015 ба охир расид. Навсозии роҳ бо маблағи 115 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иҷро карда шудааст. Дар ин шоҳроҳ, 31 адад пулҳои хурду бузург ва иншооти зиёди ёрирасон сохта шудаанд. Корҳои асосии сохтмонӣ ва таъмиру навсозиро ширкати чинии Сансиян Бейсин бо ҷалби мутахассисону роҳсозони маҳаллӣ, ки беш аз 80% шумораи умумии коргаронро ташкил медиҳанд, иҷро кардааст.[24]

Дар Панҷакент Президенти мамлакат Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”-ро ифтитоҳ намуд. Коргоҳи дуюми заршӯии корхонаи муштараки «Зарафшон» дар давоми як сол сохта, ба истифода супорида шуд. Арзиши лоиҳавии Фабрикаи заршӯӣ бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз бо инфрасохтори мавҷуда 1миллиард сомонӣ мебошад. Дар ин коргоҳ дар як сол то 2,2 тонна тиллои холис истеҳсол карда шуда, қариб 11 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард менамояд. Дар корхонаи муштараки "Зарафшон" то имрӯз танҳо ду коргоҳ фаъолият мекард, ки имкон дошт то 4 ҳазор тонна маъданро дар як шабонарӯз коркард намояд. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани коргоҳи бузург иқтидори умумии корхона дар як шабонарӯз ба коркарди 17 ҳазор тонна маъдан баробар гардида, иқтидори истеҳсолии корхонаи муштараки «Зарафшон» то 5 тонна тилло дар як сол расонида мешавад.[25]

Августи соли 2015[вироиш]

Июни соли 2015[вироиш]

  1. Шумораи мақолаҳо - зиёда аз 32 500
  2. Шумораи саҳифаҳо - зиёда аз 70 000

Аз рӯи шумораи мақолаҳо Википедиаи Тоҷикӣ дар ҷойи 85-ӯм қарор гирифтааст. [27]

Марти соли 2015[вироиш]

Аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ба ҷонибдории рӯйхати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) - 1,6% , Ҳизби коммунистии Тоҷикистон (ҲКТ) - 2,2%, Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) - 1,7% ва Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) - 0,5%-и интихобкунадагон овоз доданд. Ба иттилои манбаъ, дар интихобот 4 млн. 319 ҳазору 395 интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, аз ин шумор 3 млн. 791 ҳазору 827 нафар овоз доданд. Тибқи натиҷаҳои ниҳоии интихобот дар 41 ҳавзаи якмандатии интихоботӣ 35 нафар номзадҳои ҲХДТ, 2 номзади ҲАТ, 2 намояндаи ҲКТ ва 1 нафарӣ номзадҳои ҲДТ ва ҲИИТ пирӯзӣ ба даст оварда, ба парлумон роҳ ёфтанд.[28]

Январи соли 2015[вироиш]

Декабри соли 2014[вироиш]

  • Сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ дар ноҳияи Данғара

19.12.2014. (АМИТ "Ховар") - дар ноҳияи Данғара ба сохтмони бузургтарин маҷмааи коргоҳҳои нассоҷӣ дар Осиёи Марказӣ оғоз бахшида шуд, ки дар марҳилаи аввали он беш аз 52 000 тонна нахи пахта мавриди коркарди саноатӣ қарор мегирад. Дар ин ҷо 4 корхонаи нав - ресандагӣ, бофандагӣ, рангубори матоъ ва дӯзандагӣ бунёд ёфта, дар маҷмӯъ 6 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин мешаванд. Ин маҷмааи муштараки Тоҷикистону Чин буда, коргоҳҳои саноатии он бо ворид намудани навтарин технология аз ширкатҳои дорои шуҳрати ҷаҳонӣ аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, кишварҳои аврупоии Италия, Швейсария, Олмон ва аз худи Чин бунёд меёбад. Дар навбати аввал ё худ дар корхонаи ресандагии маҷмаа, ки то моҳи октябри соли 2015 ба кор омода хоҳад шуд, 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба кор ҷалб карда мешаванд. Ин маҷмаа бо харҷи қариб 1,5 миллиард сомонӣ дар зарфи 2 соли оянда сохта ва пурра ба кор дароварда мешавад.[30]

Сентябри соли 2014[вироиш]

Аз рӯи иттилооти расонаи хабарии "Ховар" 13 сентябри соли 2014 маросими оғози сохтмони қитъаи лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» дар қаламрави Тоҷикистон шуда гузашт. Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи сохтмони лӯлаи гази «Тоҷикистон – Хитой» соли 2013 ба имзо расида буд. Лӯлаи газ дар маҷмӯи лӯлаҳои гази «Осиёи Марказӣ - Хитой» хатти чорум ва кӯтоҳтарин мебошад ва дар муқоиса бо се хатти дигар ба масофаи як ҳазор километр кӯтоҳтар аст. Лӯлаи газ аз Туркманистон ба Хитой аз тариқи қаламрави Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистон мегузарад ва қитъаи тоҷикистонии он, ки зиёда аз чорсад километрро ташкил медиҳад, аз ҳама тӯлонӣ мебошад. Сохтмони лӯлаи газ дар ҳудуди Тоҷикистон се сол идома ёфта, дар ҷараёни он бунёди 47 нақб ба масофаи умумии 76 километр ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин теъдод 24 нақб дар зери об сохта мешавад. Арзиши лоиҳа дар қаламрави Тоҷикистон 3 миллиарду 200 миллион доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Дар давраи сохтмон зиёда аз се ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис меёбад.[31]

Чархаи дуюми НБО Сангтӯда-2 ба истифода дода шуд[вироиш]

Августи соли 2014[вироиш]

Июни соли 2014[вироиш]

Марти соли 2014[вироиш]

  • 20 марти соли 2014 Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар. Дар ин мулоқоти наврӯзи Эмомалӣ Раҳмон гуфт:"Имрӯзҳо аз ҷониби ҷавонони ватанпараст «Википедияи тоҷикӣ» пайдо шудааст ва ин ташаббуси нек аз ҷониби давлат дастгирӣ хоҳад ёфт. Аз ин рӯ, ба Сарредаксияи энсиклопедияи миллии тоҷик супориш дода мешавад, ки манбаи бузурги иттилооти илмиву оммавии худро ба ин қомуси ҷаҳонии электронӣ ворид намояд ва сомонаи хосаи худро низ таъсис диҳад."[35]

Феврали соли 2014[вироиш]

  • Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон нақби «Чормағзак», ки моҳи ноябри соли 2013 ифтитоҳ гардида буд, ба «Хатлон» тағйири ном кард.

Амалисозии лоиҳаи сохтмони ин нақб бо арзиши умумии 68 млн. доллари ИМА 15 марти соли 2010 оғоз гардид. Дарозии нақб 4 ҳазору 430 метрро ташкил медиҳад. Лоиҳа дар доираи азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Данғара татбиқ карда шуд. Пас аз ба истифода додани ин нақб масофаи роҳи мошингарди Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб дар муқоиса бо роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб 100 километр кӯтоҳтар шуд.

  • Бо ҳамин қарор нақби «Шар-Шар», ки моҳи сентябри соли 2009 мавриди истифода қарор гирифта буд, «Озодӣ» номгузорӣ шуд.
  • Накби «Шар-Шар» зери кӯҳи ҳамном дар километри 68 шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Мурғоб-Қулма воқеъ аст. Ифтитоҳи нақби мазкур имкон дод, ки вақти сафар аз Душанбе то Кӯлоб 40 дақиқа камтар шавад. Аз ду ҷониби нақб ба масофаи 5 километр роҳҳои даромад ба нақб бунёд шуданд. Ғайр аз ин, дар яке аз роҳҳои сӯи нақб пули дарозиаш 178 метр сохта шуд. Барои сохтмони ин иншоот, ки моҳи октябри соли 2006 шурӯъ гардида буд, ҳукумати Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 40 млн. доллари ИМА бурс ҷудо кард.
  • Қобили зикр аст, ки қаблан ҳамчунин нақбҳои «Майхӯра» ва «Анзоб» низ тағйири ном карда, феълан «Дӯстӣ» ва «Истиқлол» номида мешаванд. Ин иншоот маркази ҷумҳуриро ба минтақаи шимоли кишвар мепайванданд.[36]

Январи соли 2014[вироиш]

  • 30 январ - имрӯз 10 баҳманмоҳ (30.01.2014) рӯзи ҷашни Сада мебошад. Дар ин рӯз ниёкони мо ба истиқболи гармӣ, барои ҳар чӣ зудтар аз чанголи зимистони қаҳратун берун омадан ва ба гармиҳои баҳор расидан ҳар гуна маросимҳо барпо мекардаанд. Оташафрӯзӣ менамуданд ва базму шодию хурсандиҳо баргузор мекарданд. Тибқи пажуҳишҳо, дар даврони хеле қадим ориёйҳо бовар доштанд, ки дар ин рӯз эзад Меҳри навтаваллуд пас аз чил рӯз аз ғор ба берун меояд. Яъне чиллаи Меҳр дар ғор сипарӣ мешавад ва миёни мардум мебарояд. Дар тақвими халқии мо имрӯз чиллаи калон анҷом ёфта, чиллаи хурдак оғоз шуд ва он 20 рӯз давом меёбад. Фарорасии чиллаи хурдак бигзор мубораку шодиовар бошад.
  • 16 январ - ширкати мобилии Вавилон-Мобайл дастрасии ройгон ба ҳамаи бахшҳои Википедиаро барои мизоҷонаш эълон кард[37]. Ширкати Вавилон-Мобайл яке аз бузургтарин ширкатҳои мобилӣ дар Тоҷикистон мебошад. Дар айни замон пойгохи муштариёни ширкат зиёда аз 3 000 000-ро ташкил медиҳад[38].
  • 1 январ - мувофиқи нишондоди омории Википедия - (Рэнкинг всех 287 википедий на 1 января 2014 r.)[39] 1 январи соли 2014 шумораи сахифаҳои Википедияи тоҷикӣ - 25878 сахифаро дарбар мегирифт, ва аз байни 287 забонҳои кории википедия дар ҷойи 89 қарор дошт.

Декабри соли 2013[вироиш]

  • 25 декабр - шумораи мақолаҳо дар Википедиаи тоҷикӣ аз 25 ҳазор зиёд шуд (аксҳо - 505). То ба ҳамин рӯз: шумораи сабтшудагони Википедиаи тоҷикӣ - 9972 наф.(2004-2013), корбарони фаъол (имрӯз) - 41 наф. (аз ҷумла ботҳо) ташкил медоданд.

Дар рӯйхати забонҳои Википедиа забони тоҷикӣ (tg Таджикский) дар ҷойи 90 қарор дошт.

Ноябри соли 2013[вироиш]

  • 18 ноябр - дар ҷаласаи 37 - уми ЮНЕСКО феҳрасти санаҳои таърихиву фарҳангӣ барои солҳои 2014 - 2015 тасдиқ гардид, ки дар ин миён 4 пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон низ пазируфта шудааст. Ба феҳрасти ЮНЕСКО 3000 - солагии қалъаи Ҳисор, 700 - солагии Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, 600 - солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ва 100 - солагии Зиёдулло Шаҳидӣ шомил карда шуданд ва қарор шуд, ки ин ҷашну чорабиниҳо бо ширкати ин созмон таҷлил мегардад. Чаҳор санаи таърихии Тоҷикистон дар феҳрасти ЮНЕСКО/Озодӣ
  • 6 ноябр - Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи интихоботии 6 ноябри соли 2013 ғолиб дониста шуд. Ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 83,6 фоиз, ба ҷонибдории номзадба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон Бухориев Толибек Аҳмадович 4,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон Бобоев Олимҷон 3,8 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Ғаффоров Абдуҳалим 1,5 фоиз, ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Демократи Тоҷикистон Исмонов Саидҷаъфар 1 фоиз ва ба ҷонибдории номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Комунисти Тоҷикистон Талбаков Исмоил 5 фоиз овоз додаанд.

Мутобиқи маълумоти пешакии расмӣ шумораи умумии интихобкунандагон 4 миллиону 201 ҳазору 156 нафарро ташкил дода, аз ин шумора 3 миллиону 640 ҳазору 56 нафар ё 86,6 фоиз дар маъракаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, овози худро ба номзади дилхоҳи хеш додаанд.[40]

Октябри соли 2013[вироиш]

  • 1 октябр - Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон нақби мошингарди Чормағзакро, ки дар масири Душанбе-Ваҳдат-Кӯлоб қарор дорад, расман ифтитоҳ намуда, мавриди истифодаи умум қарор дод.Нақби Чормағзак, ки қариб 4,5 км дарозӣ дорад. Дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон 31 км нақбҳои мошингард сохта мавриди истифода қарор гирифт.

[41]

Сентябри соли 2013[вироиш]

  • 24 сентябр 6 ҳизби расмии Тоҷикистон барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон [[2013}]] номзади худро пешбарӣ намуданд, ҳизби ҳокими ҲХДТ ва ҲСДТ анҷуманҳои ҳизбии худро моҳи октябр баргузор мекунанд.[42]
  • 17 сентябр - дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Президентӣ, ки барои 1000 нафар кӯдакони болаёқат пешбинӣ шудааст, ифтитоҳ ёфт. Кӯдакистон дар майдони 3 га бунёд ёфта аз ду бинои бузурги сеошёна ва дигар иншооти ёрирасон иборат аст. Дар ҳавлии муассиса 46 майдончаи махсус барои бозӣ ва машғулиятҳои гуногуни кӯдакон омода гардида, ҳар як майдонча дорои бозичаҳо мебошад.[43]

Августи соли 2013[вироиш]

  • 29 август - Дар ҷамоати Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бузургтарин корхонаи сементбарории Тоҷикистон,корхонаи сементи ширкати чиноии “Ҳауксин Ғаюр семент", ки дар як сол 1 миллион тонна семент истеҳсол хоҳад кард, ба кор дароварда шуд.

[44]

Июни соли 2013[вироиш]

[46]

Марти соли 2013[вироиш]

Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 11 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Афғонистон - 21 март; Эрон - аз 20 то 23 март; Озарбойҷон - аз 20 то 26 март; Қазоқистон - аз 21 то 24 март; Туркманистон - аз 20 то 23 март; Қирғизистон ва Ӯзбакистон - 21 март; Албания (Рӯзи Баҳор) - аз 20 то 23 март; Косово - 21 март рӯзҳои истироҳат аст.[49]

Феврали соли 2013[вироиш]

  • 5 феврали соли 2013 - саршумории аҳолиии Тоҷикистон 8 000 700 танро ташкил намудааст, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 15 дарсад ӯзбак, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроинӣву тотору ғайра ҳастанд. Аз рӯи баҳодиҳии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ – 7 млн. 952 ҳазор нафар мусулмон ва 48 ҳазор нафар намояндагони дигар динҳо (ғайримусулмон) мебошанд.[50]
  • 21 феврал - Рӯзи Байналмилалии забони модарӣ. Ин Рӯзи таърихӣ, соли 1999 аз ҷониби ЮНЕСКО таъсис дода шудааст.[51]
  • 23 феврал - Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Имрӯз, 23 феврали соли 2013 - 20-солагии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.[52]

Январи соли 2013[вироиш]

  • 1 январ - мувофиқи нишондоди омории Википедия (wikipedia) (Рэнкинг всех (287) википедий на 1 января 2013 r.[53] 1 январи соли 2013 шумораи сахифаҳои Википедияи тоҷикӣ (tg.wikipedia.org) - 10 613 сахифаро дарбар мегирифт, ва аз байни 287 забонҳои кории википедия дар ҷойи 115 қарор дошт.

Декабри соли 2012[вироиш]

10 декабр - аъзошавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо

Октябри соли 2012[вироиш]

Ба истифода супоридани Нақби автомобилгарди Шаҳристон. Сохтумони нақб давоми корҳои таъмири роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд – Чанак (Ӯзбакистон) мебошад. Сохтумони нақб расман 22 августи соли 2006 оғоз ёфтааст. Арзиши лоиҳаи сохтумони Нақби автомобилгарди Шаҳристон - 175 млн. сомонӣ Дарозии Нақби автомобилгарди Шаҳристон – 5253 метр

Марти соли 2010[вироиш]

Феврали соли 2008[вироиш]

Август 2007[вироиш]

  • 20 август - Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии нахустини чемпионати ҷаҳон миёни наврасони то 17-соларо бо пирӯзӣ бар дастаи мунтахаби ИМА оғоз намуд.[12]

Июл 2007[вироиш]

Амонулло Мақсудов ва Зоҳид Мирзоев баъд аз ҳодисаҳои Андиҷон дар Олмон мақоми паноҳанда гирифтаанд. ]]

Июн 2007[вироиш]

  • 20 июн - TajikAir парки ҳавопаймоҳояшро бо Boeing B737-200- и аввалин зиёд намуд. 20 июн – «Авеста». - | Ширкати ҳавопаймоии Тоҷик TajikAir парки авиатсионии худро бо ҳавопаймои сохти ғарбӣ зиёд кард. Дар нисфирӯзӣ, 18 июни соли ҷорӣ, дар фурӯдгоҳи Душанбе, Boeing B737-200 бо нишонии ширкати ҳавопаймоии тоҷик фурӯд омад.

Иӄтидори Boeing B737-200 ӄисман ТУ-134 – и дар баланси муассисаи ҳавопаймоӣ бударо иваз мекунад. Boeing B737-200 дорои 130 курсӣ барои мусофирон буда, инчунин, салони тиҷорат ва эконом класс дорад.

«Тавассути ин ҳавопаймо, ассосан парвоз дар Хуҷанд, Самара, Екатеринбург, Теҳрон, Алмаато ба иҷро мерасад, - мегӯяд, Давлатова. – Мо дар оянда ният дорем, ки боз парки ҳавопаймоҳои худро, аз ҳисоби ҳавопаймоҳои сохти ғарбӣ, мукаммал намоем».

Имрӯз, дар фурӯдгоҳи Душанбе чор ҳавопаймои ТУ-154, ҳафт - Як-40, се - АН-28, се - ТУ 134, инчунин чор – АН 24, ду - АН 26 ва чор чархболи Ми-8 МТВ ҷойгир гардидааст. Ғайр аз ин фурӯдгоҳи Душанбе ҳавопаймоҳои калонеро аз ӄабили АН-124, ИЛ-76, АН-12, АН-8 ва тайёраҳои сохти ғарбиро ӄабул менамояд.[13]

Май 2007[вироиш]

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ, Мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ Эркин Раҳматуллоев, Муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдулло Давлатов, Раиси Бонки миллӣ Муродалӣ Алимардонов, Вазири молия Сафаралӣ Наҷмуддинов, Вазири рушди иқтисод ва савдо Ғулом Бобоев, Вазири энергетика ва саноат Шералӣ Гулов, Вазири нақлиёт ва коммуникатсия Абдураҳим Ашуров, Раиси Кумитаи телевизион ва радио Асадулло Раҳмонов, Муовини аввали раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Маъруф Сайфиев ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.[16]

Кумитаи фаръии ҳуқуқи инсон дар порлумони Аврупо вазъ дар Ӯзбакистонро баррасӣ кард. Раиси ин кумита Ҳелен Флотре гуфт, на дар таҳқиқоти давлати Ӯзбакистон дар робита ба ошӯбҳои соли 2005 дар Андиҷон ва на дар қазияи хабарнигори зиндонӣ Умеда Ниёзова ҳеҷ пешрафте мушоҳида нашудааст.[19]

Апрел 2007[вироиш]

  • 25 Апрел - Нуҷумшиносон дар хориҷ аз системи офтобӣ сайораеро кашф кардаанд, ки ба сайораи Замин хеле монанд аст, ба ҳамин далел онҳо ин сайораро ба истилоҳ "Замин"-и дуввум ҳам ном мебаранд. Ин сайора дар мадори ситораи камнури "Глиз-581" кашф шудааст ва тибқи маълумоте, ки то ҳол ба даст омадааст, он аз сайораи Замин дар масофаи 20 солу шаш моҳи ҳаракати нур ҷой гирифтааст, ки он 193 трилиён километр аз Заминро ташкил медиҳад. Ситораи камнури Глис 581 аз офтоби мо сардтар ва хурдтар аст, ба ҳамин сабаб ҳарорати сатҳи сайораи нав ба ҳарорати сайораи Замин наздик аст ва он аз сифр то 40 дараҷаро ташкил медиҳад.http://www2.ozodi.org/specialsarticle/2007/4/CBD248CE-52CA-4E29-831B-81CCD864137A.html
  • 13 Апрел - Оғози мусобиқоти қаҳрамонии акробатикаи Тоҷикистон

Рӯзи ҷумъаи 13-уми апрел дар шаҳри Душанбе мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи акробатикаи варзишӣ шурӯъ шуд.[20]

Март 2007[вироиш]

  • 6 Март- "Искандари Мақдунӣ", китоби Бобоҷон Ғафуров ва Дмитриос Тсибукидис, ки чанде пеш дар нашриёти "Вече"-и Маскав аз чоп баромад, на танҳо рӯйдодҳои сиёсӣ ва муҳорибаҳои давраи зуҳур ва фурӯпошии империяи Мақдуниро тасвир мекунад, балки нахустин бор имкон медиҳад, симои Искандар ҳамчун як инсон қаламдод гардад.[21].

Феврал 2007[вироиш]

Аз манзили як узви вобаста ба Ҳаракати Исломии Туркистон дар нохияи Исфара, дар вилояти Сугд, 500 килугромм омуниёки селетри, як навъ маводи шимиёи ки барои таҳияи маводи мунфаҷира аз он истифода мешавад, кашф ва забт шудааст [22].

  • 15 Феврал 2007 - Пажӯҳишгоҳи физиологияи набототу генетика ва Ҷамъияти физиологҳои набототи Тоҷикистон ибтикори хубе нишон доданд. Онҳо таҳти таҳрири академик Хуршед Каримов маҷмӯаи мақолаҳои илмиро бо унвони «Саҳми физиология, генетика, технологияи наботот ҳалли проблемаҳои кишоварзии Тоҷикистон» аз чоп бароварданд.[23]
  • 5 Феврал- Анҷоми Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Чин

Шашумин давраи Бозиҳои зимистонаи Осиёӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба анҷом расид. Маросими пӯшидашавии ин бозиҳо, ки бо ширкати варзишгарони 26 кишвари қора дар шаҳрҳои Чангчун ва Ҷилин оид ба даҳ ришта тӯли як ҳафта идома карданд, шоми якшанбеи 4 феврал баргузор шуд.[24]

Январ 2007[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Қатъи фаъолияти хабаргузории мустақили TojNews
  2. "Баста шудани Тоҷнюс сигнали бад аст"
  3. ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ТАЪМИНОТИ ИҶТИМОӢ, ХИЗМАТРАСОНӢ ВА МУҲОФИЗАТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
  4. Оғози бунёди сарбанди Нерӯгоҳи барқи обии Роғун // PRESIDENT.TJ — 29 октябри 2016, 12:29
  5. Ифтитоҳи Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Спитамен Ойл» дар ноҳияи Спитамен
  6. Ифтитоҳи корхонаи истеҳсолии ҶСП «Норд Азия Металл»
  7. Эмомали Рахмон прибыл в Спитамен
  8. Роҳпаймоӣ ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон /АКС/
  9. Тантанаҳои фарҳангии марказӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  10. В_республике_отпраздновали_День_Независимости_Таджикистана
  11. Гузашти низомӣ ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон // PRESIDENT.TJ — 8 сентябри 2016, 10:20, шаҳри Душанбе.
  12. Иштирок дар маросими видоъ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов // PRESIDENT.TJ — 3 сентябри 2016, 18:06, Ӯзбакистон.
  13. Правительственный портал Республики Узбекистан
  14. Узбекистан без Ислама Каримова // Коммерсантъ. — 2 сентября 2016, 19:57.
  15. Ифтитоҳи Донишгоҳи давлатии Данғара — PRESIDENT.TJ
  16. (Википедиа:Рӯихати Википедиа) 2.06.2016
  17. Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ «Хуаҷиан Ғаюр Индастриал» дар ноҳияи Ёвон
  18. Баъди имзои Президент: “Ов” ва “ович” расман манъ шуданд
  19. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016
  20. Минбари халқ Шумораи №12 (1044), 24.03.2016
  21. Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод карда шуд.
  22. Тағйири номи як шаҳр дар Тоҷикистон чӣ арзиш дорад?
  23. Ба имзо расидани як қатор қонунҳо
  24. Ифтитоҳи роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент
  25. Ифтитоҳи Фабрикаи дуюми Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки заршӯии “Зарафшон”
  26. Дилшод Назаров получил медаль и $30 тыс на чемпионате мира
  27. Википедия:Список Википедий 14.06.2015
  28. КМИР натиҷаҳои ниҳоии интихоботро эълон кард
  29. Tajik Wikipedia at a glance January 2015
  30. ОҒОЗИ СОХТМОНИ БУЗУРГТАРИН МАҶМААИ КОРГОҲҲОИ НАССОҶӢ ДАР ДАНҒАРА
  31. СУХАНРОНИИ Э.РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ ОҒОЗИ СОХТМОНИ ҚИТЪАИ ТОҶИКИСТОНИИ ЛӮЛАИ БАЙНИДАВЛАТИИ ГАЗ «ОСИЁИ МАРКАЗӢ - ХИТОЙ»
  32. Чархаи дуюми НБОғи Сангтуда-2 ба истифода дода шуд
  33. Таджикская Википедия первого взгляда август 2014/Просмотры страниц в месяц
  34. Таджикская Википедия
  35. Суханронӣ дар мулоқоти наврӯзӣ бо зиёиёни кишвар - 20.03.2014 http://www.president.tj/node/6377
  36. http://news.tj/tj/news/na-bi-chorma-zak-ro-khatlon-va-shar-shar-ro-ozod-nomguzor-kardand
  37. Babilon-Mobile announces Free Zero Wikipedia Access http://www.babilon-m.com/eng/services/wikipedia/
  38. «Вавилон-Мобайл» - Оиди ширкат http://www.babilon-m.tj/taj/about/
  39. Рэнкинг всех (287) википедий на 1 января 2014 r.
  40. 7 ноябр/АМИТ «Ховар»
  41. http://khovar.tj/president/29884-ishtiroki-emomal1251-ra1203mon-dar-marosimi-iftito1203i-na1179bi-chorma1171zak.html
  42. [1]
  43. [2]
  44. [3]
  45. http://www.ozodi.org/content/tajikistan-in-2013-day-by-day-chronicle-part-2/25212934.html
  46. [4]
  47. [5]
  48. Қонунҳо ва қарорҳо.Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
  49. Сайри ҷаҳонии Наврӯз.//Ба қуллаҳои дониш.Нашрияи ДМТ. - 2013, № 6 (1333), 15 марти 2013
  50. [6]
  51. [7]
  52. [8][9]
  53. [10]

Нигаред[вироиш]