Воқеъоти Оламгирӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Воқеъоти Оламгирӣ» (форсӣ: واقعات عالمگیری‎) — асари таърихнигор ва шоири форсизабони Ҳиндустон Оқилхони Хофӣ (1614–96), ки ба султон Аврангзеби Оламгир (1658–1707) бахшида шудааст.

Бо сабаби зикр нагардидани номи муаллиф дар «Воқеъоти Оламгирӣ» дар маъхазҳои таърихӣ бо номҳои «Ҳолоти Оламгирӣ», «Вақоеи Оламгирӣ», «Зафарномаи Оламгирӣ» ва «Иқболномаи Оламгирӣ» ёд мешавад. Муаллиф тақр. 50 соли ҳаёташро ҳамроҳ бо Аврангзеб гузаронида, «Воқеъоти Оламгирӣ»-ро дар асоси мушоҳида ва хотироти шахсиаш аз давраи дӯстиаш бо шоҳзода Аврангзеб то замони ҳокими ш. Деҳлӣ буданаш таълиф намудааст (1663). «Воқеъоти Оламгирӣ» тартиб ва танзиме хоссе надошта, бе муқаддима бо мадҳи Аврангзеб оғоз мешавад. Аз рӯйи тарҳи нигориш «Воқеъоти Оламгирӣ» ба ду қисм тақсим мешавад: давраи волии Дакан будани Аврангзеб (1636–1658) ва панҷ соли салтанати Аврангзеб (1658–63). Қисмати аввал таҳти унвонҳои хос ва қисмати дуввуми «Воқеъоти Оламгирӣ» ба тартиби солнома таълиф ёфтааст. «Воқеъоти Оламгирӣ» барои омӯзиши муборизаҳои ҳокимиятхоҳии шоҳзодагон Шуҷоъ, Дорошукӯҳ, Аврангзеб, Мурод ва сарнигун шудани Шоҳиҷаҳон аз тахт (1658), дастгир гардидани шоҳзода Муродбахш, ба тахт нишастани Аврангзеб, қатли Дорошукӯҳ, Муродбахш ва шоҳ Шуҷоъ маъхази муҳим мебошад. «Воқеъоти Оламгирӣ» соли 1935 дар Лоҳур чопи сангӣ шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • آفتاب اصغر. تاریخ نویسی فارسی در هند و پاکستان، لاهور. ۱۹۵۷؛
  • دیوان عقل خان رازی خوافی. به کوشش محمد امین عامر، دهلی نو، ۲۰۱۰.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]