Воқеъоту-л-Ҳисомӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Воқеоту-л-Ҳисомӣ» (ар. واقعات الحسامى‎) — мусаммо ба «ал-Аҷнос», асари ас-Садру-ш-Шаҳид Ҳисомуддин Умар ибни Абдулазиз ал-Бухорӣ (фавт 1141) дар фиқҳ ба забони арабӣ.

Китоб асосан аз табақаи сеюми масъалаҳои фиқҳӣ (масъалаҳои иҷтиҳодии маъруф ба воқеот) иборат аст. Муаллиф дар он ҳамаи масъалаҳои фиқҳии китобҳои «Навозил»-и фақеҳ Абулайси Самарқандӣ, «Воқеот»-и Аҳмад ибни Умари Нотифӣ (фавт 1054), «Фатово»-и Абубакр Муҳаммад ибни Фазл ва «Фатовои аҳли Самарқанд»-ро гирд овардааст. «В.» аз ҷиҳати таркиб ба китобҳо, ҳар як китоб ба бобҳо тақсим шудааст. Муаллиф китобҳоро ба тартиби «Мухтасар»-и Ҳокими Шаҳид ва бобҳоро ба тартиби бобҳои «Навозил»-и фақеҳ Абулайс мураттаб сохта, марҷаъҳои масъалаҳоро бо аломатҳои шартӣ ифода кардааст. Мас., «Воқеот»-и Нотифиро бо ҳарфи «вов», «Фатово»-и Абубакр Муҳаммадро бо ҳарфи «бо» ва «Фатовои аҳли Самарқанд»-ро бо ҳарфи «син» ёд кардааст. Фуқаҳо минбаъд онро мавриди омӯзиш ва шарҳу таҳзиб қарор додаанд. Аз ҷумла, Муҳаммад ибни Муҳаммади Кошғарӣ соли 1288 дар Арбил масъалаҳои ин китобро таҳзибу танқеҳ карда, онро ба шакли мунтахаб даровардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • حاجى خليفة. كشف الظنون عن اسامى الكتب و الفنون. جلد 2.بيروت، ۲۰۰۷

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]