Воқидӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Воқидӣ
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл:

муаррих

Санаи таваллуд:

10 сентябр 747[1][2]

Зодгоҳ:
Санаи марг:

27 апрел 823[1][2] (75 сол)

Маҳалли марг:
Эътиқод:

Ислом


Фаъолияти динӣ
Шогирдон:

Muhammad ibn Sa'd ibn Mani' al-Baghdadi[d]

Wikidata-logo S.svg Вироиши Викимаълумот

Муҳаммад ибни Умари Саҳмӣ, маъруф ба ал-Воқидӣ (ар. الواقدي‎; 747, Мадина, — 823, Бағдод) — муаррих ва сиранигори машҳури ислом.

Зиндагинома[вироиш]

Дар ибтидо ба тиҷорати гандум машғул буд ва баъди аз даст додани сармояаш соли 797 ба Бағдод омад ва бо Яҳё ибни Холиди Бармакӣ робитаи дӯстӣ барқарор кард. Яҳё Воқидӣ-ро ба халифа Ҳорунаррашид наздик гардонд. Пас аз мулозамати кӯтоҳе халифа мансаби қозии Бағдодро ба ӯ вогузор кард, ки то рӯзи вафоташ бар он боқӣ монд.

Воқидӣ дар бораи зиндагии Паёмбар (с) ва аҳди хилофати рошидӣ маълумоти фаровон дошт. Шогирдаш Саъд ибни Манеъ, маъруф ба Котиби Воқидӣ, тақр. нисфи ривоёти «Табақот»-и худро аз ӯ нақл кардааст. Маълумоти таърихии Воқидӣ сарчашмаи умдаи таълифоти муаррихони баъдӣ, ба монанди Ибни Исҳоқ, Калбӣ, Табарӣ, Ибни Касири Димишқӣ ва дигарон будааст. Осори зиёде дар риштаи таърих ба Воқидӣ нисбат дода шудааст. Аз ҷумла, «ал-Мағозӣ-н-набавия», «Фатҳу Ифриқия» (дар ду ҷилд), «Фатҳу-л-Аҷам», «Фатҳу Миср ва-л-Искандария», «Ахбору Макка», «ат-Табақот», «Футуҳу-л-Ироқ», «Футуҳу-ш-Шом», «ат-Таърих ва-л-мағозӣ ва-л-мабъас», «ат-Таъриху-л-кабир», «ас-Сира», «Тафсиру-л-Қуръон» ва ғ. Аз аксари онҳо танҳо номашон дар маъхазҳо боқӣ мондааст.

Воқидӣ тамоми даромадҳои молии худро ба мустамандон мебахшид ва ба хариди китоб сарф мекард. Ҳангоми интиқол аз шарқи Бағдод ба ғарби он саду бист шутур бори китобаш буд, вале ҳангоме вафот кард, аз моли худаш кафание наёфтанд ва кафанвориашро Маъмун фиристод. Ба қавли Ибни Надим, Воқидӣ ду бардае дошт, ки шабу рӯз ба нусхабардории китобҳояш машғул буданд ва ба ҳангоми вафот шашсад кӯлвор китоб аз худ бар ҷой гузошта, ки ҳар кӯлвореро ду марди тавоно бармедоштанд («ал-Феҳрист», ҷ. 1. саҳ. 111).

Воқидӣ яке аз муассисон ва поягузорони таърихи катбии ислом ба равиши табақот ва солнома замонбандишуда (ҳавлиёт) мебошад. Аксари асҳоби ҷарҳу таъдил Воқидӣ-ро дар ривояти ҳадис заиф ва матрук донистаанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • محمد بن اسحاق المعروف بابن النديم وابي اسحاق الوراق. الفهرست في اخبار العلماء المصنفين من القدماء والمحدثين واسماء كتبهم. تهران، ۱۹۷۱؛
  • كتاب المغازي للواقدي. تحقيق مارسدن جونس. بيروت، ۱۹۸۴

Сарчашма[вироиш]