Воқифии Бадахшонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воқифии Бадахшонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Воқифии Бадахшонӣ (форсӣ: واقفئ بدخشانی‎) — шоири тоҷик (асри 16).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз Бадахшон барои таҳсили илм ба Самарқанд рафта, аз улуми мутадовила баҳраманд гардидааст. Муддате дар хидмати ҳокими вақти Самарқанд Ҷавонмардалихон қарор доштааст. Мутрибии Самарқандӣ ӯро чун марди воқиф аз шеъру шоирӣ ёд кардааст. Дар ашъори ба воситаи тазкираҳову баёзҳо расидааш аз ҷуду караму саховат, дурӣ ҷустан аз нокасон ва ғ. сухан кардааст:

Бипарҳез, ай бародар, аз лаимон,
Бино кун хона дар кӯйи каримон!
Зи дунон дун шавию аз касон кас,
Зи некон нек гардӣ, аз хасон хас!

Ғазали зерин аз сурудаҳои ӯст:

Ман ба як бор аз висоли ёр афтодам ҷудо,
Зору ҳайрон з-он гули рухсор афтодам ҷудо.
Хоки роҳаш мешавам ҳар дам ба сад рӯйи ниёз,
Ваҳ, чӣ кардам, з-он адурафтор афтодам ҷудо?!
Бе гули рӯйи ту ҳар дам зор нолам дар фироқ,
Ҳамчу булбул аз гулу гулзор афтодам ҷудо!
Дар маломат будам аз ишқи ту, ай султони ҳусн,
Аз маломат кардани бисёр афтодам ҷудо!
Ҳар замон аз шавқ, ай гул, гиря мекардам чу шамъ,
Воқифӣ, аз гиряи бисёр афтодам ҷудо!

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مطربئ سمرقندی. تذکرةالشعرأ. تهران، ۱۳۷۷ هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]