Воқифии Машҳадӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воқифии Машҳадӣ
Навъи фаъолият: шоир

Воқифии Машҳадӣ (форсӣ: واقفئ مشهدی‎), Хоҷа ибни Алии Ҳиравӣ — шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 16).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Машҳад. Мувофиқи маълумоти Қотеии Ҳиравӣ, Воқифии Машҳадӣ аз таҳсилдидагони мадрасаҳои Ҳирот аст ва аз илми сиёқ ба хубӣ огоҳ будааст. Ба Ҳиндустон рафта, дар хидмати Акбаршоҳ (1542—1605) буд. Сипас дар вилояти Дакан ба мартабаи «аёлат» расидааст. Тақии Кошӣ дар «Хулосату-ш-шуаро» навиштааст, ки Воқифии Машҳадӣ «аз некони Машҳад аст ва аз улуми мутадовила воқиф аст». Соҳибдевон аст. Девони ашъорашро ба Муҳаммад Маъсуми Фарнахудӣ, писари Муинуддини Фарнахудӣ — бинокунандаи масҷиди Агра, бахшидааст. Абёти зерин намунае аз эҷодиёти Воқифии Машҳадӣ мебошанд:

Коми дил ҷустан зи васли ёри ҷонӣ мушкил аст,
Дардмандони балоро комронӣ мушкил аст.
Бенишон гаштам ба ёди он даҳон, аз ман мапурс,
Сирри ин маънӣ, ки сирри бенишонӣ мушкил аст.
Водии ишқ асту тӯфони бало аз ҳар тараф,
Чораҷӯёни саломатро амонӣ мушкил аст.
Воқифӣ, тай кун ҳадиси шавқу шарҳи дардро,
З-он ки бо шоҳи сухандон нуктадонӣ мушкил аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • احمد گل چین معانی. کاروان هند. جلد دوم. مشهد. 1369هـ. ش؛
  • نصرآبادی. تذکرۀ نصرآبادی. تهران 1317 هـ. ش.ر

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]