Воқиф (шоир)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воқиф (шоир)
Навъи фаъолият: шоир

Воқиф (форсӣ: واقف‎) — шоири тоҷик (асри 16).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ, Воқиф аслан аз мардуми Қандаҳор будааст. Ба Исфаҳон омада, ба хидмати ҳукмрони давр ворид гардид. Малеҳо бо ӯ вохӯрда, намунаҳои ашъорашро барои тазкирааш гирифтааст. Ашъорашро «бисёр-бисёр намакин ва матин» гуфтааст. Абёти зерин намунае аз шеъри ӯянд:

Ишқ агар з-ин гуна берун оварад он моҳро,
Далви Юсуф косаи дарюза гардад чоҳро.
Ваҳдати оина аз як оҳ барҳам мехӯрад,
Касрати ғам бештар бошад дили огоҳро.
Арзи матлабро маҷоли як қадам рафтор нест,
Обрӯ гул карда азбас хоки ин даргоҳро.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • مذاکرالاصحاب یا تذ کرةالشعراء ملیحای سمرقندی. دوشنبه. ۱۳۸۵هـ. ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]