Воҳиди нуҷумӣ
Зоҳир
Воҳиди астрономӣ — яке аз собитаҳои астрономии дақиқ ченшуда, ки ба сифати воҳиди дарозии масофаи байни ҷирмҳои Манзумаи Офтоб истифода мешавад.
Он ба масофаи миёнаи байни Замину Офтоб ё тақрибан ба нимтири калони мадори Замин баробар аст. Ишораташ воҳиди нуҷумӣ (AU). Аз рӯйи ченкуниҳои охирини (1992) Хадамоти байналмилалии баҳодиҳии параметрҳои даврзанӣ ва координатаҳои Замин (IERS) 1 в. н. = 149 597 870, 66 км. аст. Воҳиди нуҷумӣ бо воҳидҳои дигари дарозии астрономӣ таносуби зерин дорад:
Воҳиди дарозӣ | км | в. н. | с. р. | пк |
Километр (км) | 1 | 6,69·10-9 | 1,06·10-13 | 3,24·10-14 |
Воҳиди астрономӣ (в.а.) | 1,496·108 | 1 | 1,58·10-5 | 4,85·10-6 |
Соли рӯшноӣ (с.р.) | 9,46·1012 | 6,32·104 | 1 | 3,07·10-1 |
Парсек (пк) | 3,08·1013 | 2,06·105 | 3,26 | 1 |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қодирӣ С., Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти физика. Д., 1985;
- Струве О., Линдс Б., Пилланс Э. Элементарная астрономия. М., 1967;
- Михaйлов А. А., Астрономическая единица длины// Земля и Вселенная, 1967, № 2, 3.
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Воҳиди нуҷумӣ // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.