Воҳидҳои каратӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Воҳидҳои каратӣ — воҳидҳое, ки нисбат ба воҳидҳои системавӣ ва ғайрисистемавии бузургиҳои физикавӣ 10n маротиба зиёданд (мас., декалитр – 10 л, гектопаскал – 102 Па, килограмм – 103 г, мегаом – 106 ва ғайра) (n – адади томи мусбӣ). Дар Системаи байналмилалии воҳидҳо барои ифодаи воҳидҳои каратӣ чунин пешояндҳо қабул шудаанд:

Каратнокӣ Пешоянд Ишорат
Байналмилалӣ Тоҷикӣ
101 дека Da да
102 гекто H г
103 кило K к
106 мега M М
109 гига G Г
1012 тера T Т
1015 пета P П
1018 экса E Э

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]