Воҳид Асрорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Воҳид Асрорӣ
Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ
Таърихи таваллуд 7 ноябр 1917(1917-11-07)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 3 июн 1996(1996-06-03) (78 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор ДДОД ба номи Т. Шевченко, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Институти муаллимии Тошканд, ДДОД ба номи Т. Шевченко
Ҷоизаҳо Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977), ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1), медалҳо ва Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон

Воҳид Мирашӯрович Асрорӣ — фолклоршинос, адабиётшинос, шоир ва рӯзноманигори тоҷик. Доктори илми филология (1969), профессор (1970), Ходими хизматнишондодаи илми ҶШС Тоҷикистон (1977). Узви ИН Тоҷикистон (1954) ва узви ИЖ Тоҷикистон (1975).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Институти муаллимии Тошканд (1938), ДДОД ба номи Т. Шевченко (ИДПД; 1949). Фаъолияти корӣ ва эҷодии Асрорӣ аз соли 1933 оғоз гардидааст (муаллим то соли 1942). Солҳои 1944–50 корманди соҳаи маориф ва матбуот (ҷонишин, сипас муҳаррири г. «Пионери Тоҷикистон», 1946–1950), пас аз хатми таҳсил дар аспирантура (1952) муаллими калон, дотсенти ДДОД ба номи Т. Шевченко (1952–1957) ва аз соли 1957 то охири умр дар ДДТ ба номи В.И. Ленин дар вазифаҳои дотсент, профессор, декани факултети филологияи тоҷик (1968-1973) мудири кафедраҳои фолклор (1969-1989), адабиёти халқҳои ИҶШС (1989-1996) - факултети журналистика ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Асрорӣ зимни тадриси фанни таълимии фолклори тоҷик ба масъалаи омӯзиши фолклор машғул шудааст. Оид ба масъалаҳои назариявии фолклор, таърихи фолклоршиносии тоҷик, навъҳои фолклор асарҳоеро бо номи «Халқ ва адабиёт» (1968), «Адабиёт ва фолклор» (1967), «Фолклор, халқият, нависанда» (1982), «жанрҳои хурди фолклорӣ», (1990), «Юсуф Вафо», (1957) ва мақолаҳои зиёде таълиф намудааст. Асрорӣ ба масъалаи муносибати адабиёт ва фолклор, истифодаи нависандагон аз фолклор таваҷҷуҳи хосса дошт («Фолклор, халкият, нависанда», 1982). Дар ин ҷода симои эҷодии ӯ чун адабиётшинос ҷилва намудааст. Нахустин шеъру ҳикояҳо дар саҳифаҳои матбуот солҳои 1940 ба табъ расидаанд. Вай муаллифи маҷмӯаҳои «Салом мактаб» (1951), «Ҳардуяшон нағз» (1962), «Замзамаи ҳаёт» (1964), «Шарораҳо» (1997) мебошад. Асрорӣ барои мактабҳои миёна («Забони тоҷикӣ» барои синфҳои 1-ум ва 2-юм, 1950–1984) ва барои мактабҳои олӣ («Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик», 1980, ҳамроҳи Р. Амонов; соли 1985 дар Кобул низ нашр шуд) китобҳои дарсӣ таълиф намудааст. Муаллифи китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» (барои синфҳои 1, 2, 1950–1984), «Забони тоҷикӣ» (барои ҷаласаводон, 1950) буда, асарҳои шоирону нависандагони рус – Аркадий Гайдар, Чехов, Маршак, Маяковский, шеърҳои шоирони ӯзбек – Мирмӯҳсин, Асқад Мухтор, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ ва дигаронро ба тоҷикӣ баргардонидааст. Дар асарҳои илмии худ масъалаҳои муносибати нависанда ба фолклор, мавқеи бадею ғоявии эҷодиёти даҳанакии халқ дар адабиёти бадеӣ, маҳорати нависанда дар истифодаи фолклор, халқият ва такомули реализм дар адабиёти шӯравӣ, нависанда ва хазинаи забони халқӣ ва ғ.-ро тадқиқ намудааст.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи 1),
  • медалҳо ва Ифтихорномаи Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

маҷмӯаҳои

  • Салом мактаб. - Сталинобод,1951;
  • Ҳардуяшон нағз. - Душанбе, 1962;
  • Замзамаи ҳаёт. - Душанбе,1964;
  • Зарбулмасал ва мақолҳои халқи тоҷик. - Сталинобод, 1964;
  • Белча (санг), унифас (санг), чопер (санг). Бошишгоҳи Қаратоғ./ Асрорӣ. Адабиёт ва фолклор. - Душанбе, 1967.
  • Забони тоҷикӣ. Китобҳои дарсӣ барои синфҳои 1-ум ва 2-юм. - Сталинобод,1950–1984;
  • Эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик. Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ - Душанбе,1980 (ҳамроҳи Р. Амонов).
  • Шарораҳо. - Душанбе,1997;

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гулмуродзода П. Роҳҳо ва солҳо. - Душанбе, 1987;
  • Фонуси ёдҳо (маҷмӯаи хотираву ёддоштҳо бахшида ба 80-солагии В. Асрорӣ). - Душанбе, 1998;
  • Гуфтугӯ бо худ (маҷмӯаи хотираҳои ҳамкорон ва мақолаҳои В. Асрорӣ). - Душанбе, 2007[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе:Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.23