Врангел, Фердинанд Петрович

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Врангел, Фердинанд Петрович
Сурат
Навъи фаъолият:

гардишгар, ҷуғрофиёдон, сиёсатмадор, land owner, ходими низомӣ

Таърихи таваллуд:

29 декабр 1796 (9 январ 1797)

Зодгоҳ:
Кишвар:
Таърихи даргузашт:

25 май (6 июн) 1870 (73 сол)

Маҳалли марг:
Ҷоизаҳо:
Commons-logo.svg Врангел, Фердинанд Петрович дар Викианбор

Фердина́нд Петро́вич Вра́нгел (Фёдор Петрович Врангел; олмонӣ: Ferdinand Friedrich Georg Ludwig von Wrangell; Фердинанд Фридрих Георг Людвиг фон Врангел; 29 декабри 1796 [9 январи 1797], Псков — 25 майи [6 июни] 1870, Дерпт) — баҳрнаварди рус, адмирал, узви фахрии АИ Петербург (1855). Яке аз асосгузорони Ҷамъияти ҷуғрофиёии рус (1845).

Зиндагинома[вироиш]

Корпуси баҳриро хатм кардааст (1815). Солҳои 1817-19 дар сайёҳати гирдиҷаҳонии В. М. Головин (дар киштии «Камчатка») иштирок дошт. Солҳои 1820 −24 барои таҳқиқи заминҳои Шимол ба отряди экспедитсионии Колима сардорӣ кард. Экспедитсия доир ба яхҳо, геомагнетизм ва иқлим таҳқиқоти пурарзиш анҷом дода, дар бораи сарватҳои табиӣ ва сокинони ин маҳалҳо маълумот гирд овард. Солҳои 1825-27 сардори экспедитсияи гирдиҷаҳонии рус дар киштии «Кроткий», 1825 −35 сарҳокими муҳоҷирони рус дар Амрико, 1840-49 директори ширкати Руссияю Амрико, 1854-55 директори Департаменти ҷуғрофиё, 1855-57 сардори Вазорати баҳрӣ. Аз соли 1857 узви Шӯрои давлатӣ. Муаллифи китоби «Саёҳати соҳилҳои шимолии Сибир ва баҳри Яхбаста» ва якчанд асар дар бораи халқҳои шимолу ғарби Амрико. Ҷазираи Врангел дар Зеландияи Нав, халиҷ ва димоға дар ҷазираҳои Алеут, димоға дар баҳри Охота ба номи Врангел гузошта шудаанд.

Осор[вироиш]

  • Путешествие по северным берегам Сибирии и по Ледовитому морю. СПб, 18 (1).

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш]