Михаил Врубел

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Михаил Врубел
русӣ: Михаил Врубель
Суратҳо
Таърихи таваллуд 5 (17) март 1856[1] ё 17 март 1856(1856-03-17)[2]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт 1 (14) апрел 1910[1] (54 сол) ё 14 апрел 1910(1910-04-14)[2] (54 сол)
Маҳалли даргузашт
Мамлакат:
Жанр такчеҳра
Сайт vrubel-world.ru
Имзо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Врубел Михаил Александрович (5 [17] март 1856[1] ё 17 март 1856[2], Омск, West Siberian General Governorate[d][3]1 [14] апрел 1910[1] ё 14 апрел 1910[2], Санкт-Петербург[3]) — рассом ва графики рус, ки эҷодиёташ дар санъати рассомии миллӣ нуқтаи баландтарини символизм ва модерн буд. Хатмкардаи АР Русия.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шогирди П. П. Чистяков (1880-84), дарси акварелро аз И. Е. Репин гирифтааст. Таъсири И. К. Айвазовский, В. М. Васнетсов, инчунин прерафаэлитҳо ва М. Фортуниро эҳсос менамуд. Услуби комили ӯ ҳангоми фаъолияташ дар Киев ташаккул ёфт (1884-89). В. дар ин давра фармоишҳои калисоро иҷро карда, ба уқнумнигории масеҳӣ хусусияти асабоният ва изтироб мебахшид («Бибӣ Марям бо тифл» ва дигар асарҳояш барои калисои Кирилл (1884), ангораи нақшунигорҳои калисои ҷомеи Владимир (1887). Дар маҳфили бадеии Абрамсев ширкат намуда, солҳои 1891—1900 фаъолона ба санъати ороиши бадеии саҳна, пайкарасозии кулолӣ ва ороиши маснуот дар рӯҳияи асотирию фолклорӣ машғул шуд. Дар байни мусаввараҳо ва намояҳои ӯ («Малика Греза», 1896; сурати С. И. Мамонтов, 1897; «Малика-қу», «Ёс», ҳар ду 1900 ва ғайра), бахусус, тасвирҳои «Шайтон» (1890) ва «Шайтони мардуд» (1902), ки ба қавли В. «фоҷиаи рӯҳи беқарори инсон»-ро таҷассум менамоянд, фарқ мекунанд. Аз соли 1902 ба бемории рӯҳӣ ва ҷисмонӣ гирифтор шуд, лекин дар даҳсолаи охир низ як силсила асарҳои мукаммал офарид («Марворид», 1904 ва ғайра). Дар ташаккули модернизми рус таъсири бузург гузошт.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 Архив изобразительного искусства — 2003.
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Врубель Михаил Александрович // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохоров — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Врубель. Переписка. Вспоминания о художнике. 2 узд., Л., 1976;
  • Суздалев П. К. Врубель. М., 1991;
  • Алпатов М., Анисимов Г. Живописное мастерство Врубелья. М., 2000;
  • Алленов М. М. М. Врубель. М., 2001;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2007.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]