Вулусволии Шуғнон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Вулусволии Шуғнон
Вулусволии Шиғнон дар нақшаи Бадахшон
Донистаниҳо
Кишвар : Emblem of Afghanistan (2004–2013).svg Афғонистон Парчами Афғонистон
Вилоят : Бадахшон
Марказ: Баршор
Замони таъсис :
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 3528 km2
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи Рустоҳо : 28
Мардум
Аҳолӣ (2011) : 27,750 кас
Забони расмӣ : Форсӣ, Пашту
Забонҳои гуфторӣ : Шуғнонӣ
Мазҳаб : Ислом - Исмоилӣ
Нишониҳо
Сарвожа : SH
Код ISO : AF.BDS.SH
Пешшумора :
Нишонии почта :
Замон : UTC+4:30
Вебгоҳ :
Шумораи мошинҳо :
Пули «Дӯстӣ» миёни Афғонистон ва Тоҷикистон бар фарози руди Панҷ, ки ду Шуғнонро бо ҳам мепайвандад

Вулусволии Шуғнон (форсӣ: ولسوالی شغنان‎) — яке аз вулусволиҳои вилояти Бадахшон аст ва дар шимолу шарқи Афғонистон ҷой дорад.

Маркази ин вулусволӣ рустои Башор аст, ки 150 килуметр шимолтар аз шаҳри Файзобод — маркази вилояти Будахшон ҷой дорад.

Ҷойгоҳ[вироиш]

Вулусволии Шуғнон аз шимолу шарқ бо рӯди Панҷ маҳдуд шуда ва бо ноҳияҳои Рӯшон ва Шуғнон аз вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаммарз аст ва дар шимол бо вулусволии Нусай, дар ғарб бо вулусволии Арғанҷхоҳ ва дар ҷануб бо вулусволии Ишкошим ҳамсоя аст. Масоҳати ин вулусволӣ 3125 килуметри мураббаъ аст.

Мардум[вироиш]

Ҷамъияти вулусволии Шуғнон камубеш 39 000 нафар буда ва дар 19 русто зиндагӣ ба сар мебарад. Бошандагони ин вулусволиро тоҷикон ташкил медиҳанд, ки ба забони шуғнӣ ҳарф мезананд ва бештар мардуми Шуғнон ба забон форсӣ ошноӣ доранд. Мардуми ин вулусволӣ шиъамазҳаб ва бештар исмоилӣ ва андаке дувоздаҳимомӣ мебошанд.

Ҷуғрофиёи табиъӣ[вироиш]

Шуғнон бино бар доштани кӯҳҳои баланд сарзамине бисёр душворгузар аст, бавижа дар зимистон бо резиши барф тақрибан ҳама роҳҳои рафту омад ба ин вулусволӣ банд мешаванд. Тобистон дар ин сарзамин кӯтоҳмуддату нисбатан гарму хушк ва зимистон бисёр сарду дарозмуддат аст.

Деҳаҳо[вироиш]

Дарморахт, Ғорҷвин, Пастев, Деҳмурғон, Башор, Вир, Сарчашма, Деҳшор, Шудуҷ, Наводак, Чоснуди боло, Чоснуди поён, Работи сар, Работи байн, Работи поён, Поҷур, Човед, Ёрх, Шайхо.


Таърих[вироиш]

Пайнавиштҳо[вироиш]