Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Вуҷудия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Вуҷудия (ар. وجوديه‎) — назарияи динию ирфоние, ки тибқи он мосиво (ба ҷуз Худо) дидан аҳвалӣ (дубинӣ) ва ғайр донистан ҷоҳилӣ аст; фалак ва малак, аъло ва асфал (боло ва поён), ҷинну инс, ваҳшу тайр, мутаҳаррику сокин, сувару ашкол (суратҳову шаклҳо) – ҳама Ӯст. Ҳар чӣ ҳаст, яқин, чун ҳубоб аст бар рӯйи об:

Ҳар нақш, ки бар тахтаи ҳастӣ пайдост,
Он нақши ҳамон кас аст, к-онро орост.
Дарёи куҳан, ки барзанад мавҷе нав,
Мавҷаш хонанду дар ҳақиқат дарёст.
Ҷумла як зот аст, аммо муттасиф,
Ҷумла як ҳарфу иборат мухталиф.
***
Офтобе дар ҳазорон обгина тофта,
Пас ба ранге ҳар яке тоби аён андохта.

Тибқи андешаи муътақидони вуҷудия, Ҳақ маҳсус (ҳисшаванда) аст, вале халқ аз ин ғофил аст, Худованд аввалу охир ва зоҳиру ботин аст.

  • هفتاد و سه ملت يا اعتقادات مذاهب. تهران، 1341 ش؛
  • محمد جواد مشكور. فرهنگ فرق اسلامی. چاپ سوم. مشهد، 1375 ش.ر