Ҷузеппе Габриели

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Габриелле Ҷузеппе)
Ҷузеппе Габриели
Таърихи таваллуд 4 апрел 1872(1872-04-04)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 7 апрел 1942(1942-04-07)[1][2][3] (70 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар

Ҷузеппе Габриели (итол. Giuseppe Gabrieli; 1872—1942) — шарқшинос ва китобшиноси итолиёӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар донишгоҳи Рум аз фанни забон ва адабиёти араб дарс медод. Баъд аз он, дар Академияи миллии Линча китобдор буд. Габриели Ҷузеппе дар бораи осору рӯзгори Хансо — шоираи араби давраи пеш аз ислом таҳқиқот анҷом додааст. Ӯ «Рисолаи китобшиносии исломӣ» (1916), «Сират»-и Ибни Ҳишом (1919) ва соли 1924 «Феҳристи китобҳои арабӣ дар Итолиё»-ро нашр кард. Ба қалами ӯ «Нусхаҳои хаттӣ ва нақшаҳои шарқӣ дар китобхонаҳо ва бойгониҳои Итолиё» (1930), «Нусхаҳои хаттии форсӣ марбут ба Фирдавсӣ дар Итолиё» (1935), «Китобшиносӣ, пажӯҳишҳои шарқӣ дар Итолиё аз 1913 то 1934» (1935), мутааллиқанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. 3.0 3.1 https://www.aib.it/aib/editoria/dbbi20/gabrieli.htm (итол.) / Associazione Italiana Biblioteche

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • دانشنامۀ دانش گستر. جلد ١٣. تهران، ١٣٨٩ ش

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]