Гавҳари кӯҳӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гавҳари кӯҳӣ — як навъи писта. Соли 1986 кормандони Институти ҷангалдорӣ Г. М. Чернова ва Г. С. Олехнович дар ҷангалзорҳои ноҳияи Данғара таҳқиқ ва ба шароити маҳал мутобиқ кардаанд. Барои парвариш дар баландиҳои 700—1300 м аз с. б. тавсия шудааст. Дарахташ курашакл, шохсораш зич. Ниҳолаш баъди 12-15 сол ба ҳосил медарояд. Давраи нашваш 241 рӯз. Дар як хӯша то 10 адад мева мебандад (100 донааш 98-100 г); аз ҳар га то 8 сентнер ҳосил мегиранд. Мевааш лӯндашакл, калон (1,76 х 1,17 х 1,14 мм), охири август мепазад. Дар таркиби мағзи он 58 % равған мавҷуд аст. Дарахташ ба касалӣ ва ҳашароти зараррасон тоб меорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Чернова Г. М. Биологические основы селекции фисташки настоящей (Pistacia vera L.) в Центральной Азии. Бишкек, 2004;
  • Холов З. Н. Оценка селекционных сортообразцов фисташки настоящей (Pistacia vera L.) в условиях Юго-Западного Таджикистана. Д., 2009.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Гавҳари кӯҳӣ / К. Ниматҷонова, З. Холов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.